Маълумоти охирин

СМЕТА

СМЕТА, 1) Сметаи муассисахои бючети — хуччати асосии плани барои таъмини молиявии харочоти муассисахо аз хисоби бючети давлати. Дар СССР хачм ва таксими маблаггузории бючетиро барои тамоми харочоти корхона Сметаи муассисахои бючети муайян мекунад.

  2)         Сметаи харочоти истехсолот — дар СССР мувофики план чудо кардани маблаги харочоти корхона, иттиходия ва дигар сохахои хочагии кишлок барои истехсоли куллии махсулот ва хизматрасони. Дар Смета хамаи чузъхои харчи корхона барои истехсоли махсулот сарфи назар аз таъинот ва объекти истехсоли муайян карда мешавад. Сметаро дар асоси плани молияви ва техникии корхона тартиб медиханд.

  3)         Сметаи сохтмон — мачмуи мухосибахои нормативи, ки нархи умумии (сметавии) сохтмони биною иншоот ва дигар сохтмонхои истехсолиро муайян карда, кисми таркибии лоихаи онро ташкил медихад.

smeta

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.