Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СЛОВЕНХО

СЛОВЕНХО

sloveni

СЛОВЕНХО (хорутанхо, карантанхо, виндхо, дар адабиёти асри 19-и рус словинхо), миллатест дар Югославия. Шумораашон 2110 хазор нафар (1978), аз он чумла, дар Республикаи Сотсиалистии Словения бештар аз 1,7 мли нафар. Такрибан  400 хазор  нафар Словенхо берун аз Югославия, асосан дар ШМА, нохияхои бо Югославия хамсархади Италия. Австрия ва Венгрия зиндаги мекунанд. Забонашон словени. Аксари диндорон католиканд, протестантхою православхо низ хастанд. Ачдоди Словенхои хозира асрхои 6—7 дар нохияхои калон — хавзаи Дунаи Миёна, пастии Паннония, Алпи Шарки (Карантания), Примория (то сохилхои бахри Адриатика) маскун буданд. Аз сеяки охири асри 13 кисми зиёди мулкхои Слвенхо ба габсбургхои Австрия тобеъ гашт. Соли 1918 оммаи асосии Словенхо баробари дигар халкхои Югославия ба хайати давлати ягона (аз 1929 Югославия ном гирифт) дохил шуданд, вале кариб 500 хазор Словенхои Юлии Аксо зердасти Италия, 100 хазор Словенхои Карантия ва Штирия дар тасарруфи Австрия монданд. Баъди Чанги дуюми чахони кисми зиёди Юлии Аксо, ки дар он Словенхо маскун буданд, ба хайати Югославия дохил шуд. Дар натичаи асрхои зиёд давлати ягона надоштан, пароканда будани Словенхо як катор гуруххои этнографии Словенхо (краинхо, белокраинхо, прекмурхо, штирийхо, резянхо ва гайра) ба вучуд омаданд. Словенхои Приморияи Словения, Истрия ва ба ном Словенияи Венесия бо таъсири италиягихо дузабона шудаанд. Ба Словенхои Каринтия таъсири Австрия зиёд аст. Баъди дар Югославия баркарор гардидани сохти давлатии демократияи халки Словенхо имконият пайдо карданд, ки иктисодиёти сотсиалисти ва маданияти миллии худро инкишоф диханд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …