Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СЛОВАКХО

СЛОВАКХО

slovaki

СЛОВАКХО, миллат, ахолии асосии (бо чеххо) Чехословакия. Шумораашон дар РСЧС такрибан 4590 хазор (1978), аз чумла, дар Словакия — такрибан  4203 хазор нафар. Такрибан  900 хазор  Словакхо дар хорича — Венгрия, Югославия, Руминия, Канада, ШМА ва дигар мамлакатхо зиндаги мокунанд. Бо забони словаки гап мезананд. Диндорон асосан католиканд (бештар аз 75%); протестантхо низ хастанд. Аз руи маълумотхои археологи кабилахои словак дар территорияи хозираи Словакия асрхои 4—5 милоди  маскун шудаанд. Словакхо аз чихати этногенез бо чеххо каробат доранд. Дар асри  9— аввали асри 10 кабилахои чеху словак ба хайати давлати Моравияи Бузург дохил буданд. Баъди тачовузи венгорхо территорияи кабилахои словак ба хайати давлати Венгрия дохил гардид ва Словакхо дар тули асрхо (асрхои 11— 20) аз чеххо чудо шуданд, вале омма маданияти хоси худро махфуз доштанд. Ташаккули шуури миллии Словакхо бо харакати милли алокаманд буд. Дар Республикаи буржуазии Чехословакия, ки баъди Чанги якуми чахони барпо шуд (1918). Словакхо миллати комилхукук набуданд. Баъди баркарор гардидани сохти халки-демократи дар Чехословакия Словакхо ва чеххо барои инкишофи муносибатхои чамъияти сотсиалисти имконият пайдо карданд. Дар рафти сохтмони сотсиалисти халки словак дар тараккиёти иктисодиёт ва маданият муваффакиятхои калон ба даст овард.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …