Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ САРХИСОБ

СИСТЕМАИ САРХИСОБ

sys-sarhisob

СИСТЕМАИ САРХИСОБ дар механика, мачмуи системаи координатахо ,ва соатхои вобаста ба чисмест, ки нисбат ба он харакат ё мувозинати ягон чисм ë нуктахои материали омухта мешавад. Хар гуна харакати чисм нисби мебошад ва бинобар он харакати онхоро нисбат ба ягон чисми дигар (чисми сархисоб) ё систамаи чисмхо бояд муайян кард.

Харакати математикии чисм (ë нуктаи материали) ннсбат ба Системаи сархисоби мунтахаб тавассути муодилахое ифода мешавад, ки вобастагии тагйирёбии координатахо ва вакти гузаштаро дар ин Системаи сархисоб ифода менамояд.

Масалан дар коордиватахои декарти х, у, z харакати нукта бо ёрии муодилахо ба истилох муодилахои харакат муайян хохад шуд (нигаред низ Кинематика). Интихоби Системаи сархисоб ба максади тадкикот вобаста аст. Дар мавриди тадкикотхои кинематики хамаи системахои сархисоб баробархукуканд.

Дар халли масъалахои динамики системаи сархисоби инерсиали истифода мешавад, ки дар он муодилаи дифференсиалии харакат шакли нисбатан содда дорад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …