Маълумоти охирин
Главная / Техника / СИСТЕМАИ ОБЁРИ

СИСТЕМАИ ОБЁРИ

sys-obyori

СИСТЕМАИ ОБЁРИ, шабакаи каналхо ва дигар иншооти гидротехникист, ки обëрии заминро таъмин мекунад. Ба Системаи обëрии мунтазам гайр аз масохати замин чузъхои зерин низ дохил мешаванд: сарбанди обгир— аз манбаъхои обëри (дарëхо, обанборхо, каналхо, чоххо ва гайра) об мегирад ва системаро аз хоку реги обовард, яхпорахо, хасу хошок мухофизат мекунад; шабакаи обëри шабакаи обпарто; шабакаи коллекторию зах- бур — сатхи обхои зеризаминиро паст карда, обхои зиёдатию намакро аз замини оби дур мекунад (нигаред низ Захбур); иншооти гидротехники — гуншави ва ба замини оби таксим намудани обро танзим менамояд; иншооти истифодабари— роххо, чойхои назорат ба холати мелиоративии заминхои оби ва гайра; минтакахои бешазор ва гайра. Системаи  обëрии муштараки калон одатан аз канали болокушодаи магистрали ва обтаксимкунакхои байнихочаги иборатанд, мачрохои бетони ва шабакаи обëрии гулбагии дохилихочаги доранд; техникаи обмониаш гуногун (борони сунъи, чуяки ва гайра).

Сохтмони Системаи обëри дар Точикистон таърих чандасра дорад. Дар ин бора осори системахои кухнаи обб- ри — каналхои Рулакандоз, Булункул, Туксанкорез, Говкуш, Шохмансур, Чуйбор, Зулмарик, Арал, Каландчи ва гайра. шаходат медихад. Сохтмони Системаи обëри дар Точикистон солхои Хокимияти Совети ривоч ёфт. Аввалин иншооти калони гидротехникии Точикистон системаи обёрии Вахш буд, ки сохтмони навбати якуми он дар тули панчболахои 1—2-юм ба охир расид. Дар тули солхои 1938—42 бо хашари умумихалки Канали Калони Фаргона ва Канали Калони Хисор сохта шуданд. Дар давоми ду дахсолаи баъдичанги сохтмони системахои нави обёрии Фархор — Чубак ва Дилварзин (навбати якум) ба охир расид. Стансияхои насосии обёрии Мирзочул, Хучабокиргон ва Сомгар ба кор даромаданд. Солхои охир гидроузелхои азими Кайроккум, Сарбанд, Бойгози, Норак, тунелхои об (барои водихои Ëвону Обикиик баровардани оби Вахш) ва гайра бунёд шуданд. Нигаред низ Обёри.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …