Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ МОЛИЯ

СИСТЕМАИ МОЛИЯ

СИСТЕМАИ МОЛИЯ, 1) ба маънои васеаш мачмуи сохахои гуногуни муносибатхои молиявиро гуянд, ки тавассути онхо истифодаи фондхои пули дар ин ё он форматсияи ичтимоию иктисоди ба рох монда мешаванд. 2) Ба маънои махдудаш — системаи муассисахои молиявии мамлакат, ки дар чараëни таъминоти молиявию кредити чамъоварии маблагхои пули ва таксими онхо, хамчунин назорати молиявиро ба амал мебарорад. Баъзан ба Системаи молияи мамлакатхои сотсиалисти кредити банкиро низ нисбат медиханд.

Системаи молияи мамлакатхои капиталисти бючети давлати, бючети махалли, фондхои сугурта, навъхои гуногуни сметахои автономи ва фондхои гайрибючетию мухосиба, инчунин молияи муассисахои давлатиро дар бар мегирад. Ба Системаи молияи давлатхои буржуази чудо кардани кисмхои алохида, пурзур намудани вобастагии молиявии органхои махалли аз марказ, маблагхои давлатиро васеъ истифода бурдани буржуазияи монополисти хос аст. Дар мамлакатхои мутаракки Системаи молия ба амали гардондани азнавсозихои иктисодию ичтимои ва ба вучуд овардани иктисодиёти мустакили милли равона шудааст.

Дар мамлакатхои сотсиалисти Системаи молия мувофики принсипхои сентрализми демократи, сиëсати миллии ленини ба рох монда шудааст, ки он рохбарии мутамаркази плани ва инкишофи мустакили хочагию ташаббуси муассисаю ташкилотхоро таъмин намуда, дар худуди тамоми мамлакат чори кардани системаи ягонаи молиявиро таъмин мекунад. Системаи молияи давлатхои сотсиалисти бючети давлати, молияи муассисахои сотсиалисти, ташкилоту сохахои хочаги, бючети сугуртаи давлатии сотсиали, сугуртаи давлатии молумулки ва шахси, кредити давлатиро дар бар мегирад. Дар шароити сотсиализми мутаракки ахамияти Системаи молия дар таъмини суръати такрористехсоли васеи сотсиалисти, баланд бардоштани самаранокии истехсолот ва дарачаи некуахволии халк багоят меафзояд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.