Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАИ ЛИМФА

СИСТЕМАИ ЛИМФА

sis-limfa

СИСТЕМАИ ЛИМФА, мачмуи рагхо, гиреххо ва бофтаи хайвони мухрадор ва одамро гуянд, ки лимфаро аз бофтаю узвхо ба системаи венози мегузаронанд ва организмро химоя мекунанд. Системаи лимфа аз капиллярхои лимфа сар мешавад. Капиллярхо ба рагхои хурди лимфа ва рагхои хурд ба рагхои калони лимфа муттахид шуда, дар охир ду мачрои (ë танаи) калони лимфа (мачрои чап ва рост)- ро хосил мекунанд. Лимфа аз тамоми бадан чамъ шуда, ба воситаи ин ду мачро ба венахо мерезад. Дарозии мачрои лимфа 30—45 см мешавад. Дар рохи рагхои лимфа гиреххои лимфа (масалан, гиреххои назди гуш, зери чог, гардан, зери багал, пушти сар ва гайра) чойгир шудаанд. Гиреххои лимфа хосилахои байзашакле мебошанд, ки аз бофтаи ретикуляри таркиб ёфтаанд. Дар гиреххои лимфа лимфоситхо хосил мешаванд. Чараёни лимфа хангоми аз гиреххои лимфа гузаштан суст мешавад, ки ин барои аз тарафи лейкоситхо (фагоситхо) инхисори чисмхои бегона (аз бофтахо ба воситаи рагхои лимфа ба ин чо меоянд) мусоидат мекунад. Беморихои Системаи лимфа лимфогранулематоз, лимфосаркома (нигаред Ретикулосаркома) ва гайра мебошад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …