Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАИ ХУНГАРД

СИСТЕМАИ ХУНГАРД

sys-khungard

СИСТЕМАИ ХУНГАРД, системаи хункашои, мачмуи рагхо ва ковокихо (чавфхо)-и организми хайвон ва одам, ки дар онхо хун ё гемолимфа мегардад. Системаи хунгард организмро бо моддахои гизои ва оксиген таъмин мекунад ва махсулоти мубодилаи моддахоро хорич менамояд. Системаи хунгард ду навъ мешавад: сарбаста ва гайрисарбаста (лакунари). Системаи хунгардии сарбаста барои баъзе хайвонхои бемухра (масалан, халкакирмхо), хамаи хайвонхои мухрадор ва одам, Системаи хунгарди гайрисарбаста бошад, ба аксари хайвонхои бемухра (бандпойхо, нармбаданхо) ва хайвонхои хордадори дарачаи паст хос аст. Дар хайвонхое, ки Системаи хунгардашон гайрисарбаста аст, мубодилаи моддахо байни хуну бофтахо бевосита дар худи бофтахо ба амал меояд. Дар хайвонхое, ки Системаи хунгардашон сарбаста аст, мубодилаи моддахо дар байни хуну бофтахо ба воситаи девораи рагхо ба вучуд ме- ояд. Системаи хунгарди аз хама соддатарин Системаи хунгарди немертинхост. Вай аз 3 раги тулони (раги тахтапушт ва ду раги пахлуи) иборат аст. Аз хама мураккаб Системаи хунгардии хайвонхои мухрадор ва одам мебошад.

  Вобаста ба тарзи нафаскаши (бо галсама ё шуш) дар хайвонхои мухрадор хун дар як ё ду давр гардиш мекунад. Хайвонхои мухрадоре, ки бо галсама нафас мекашанд, як даври гардиши хун ва хайвонхои мухрадори хушкигарду одам, ки бо шуш нафас мекашанд, ду даври гардиши хун (даври хурд ва даври калон) доранд (Нигаред низ Гардиши хун). Дар одам, хайвонхои мухрадор ва баъзе хайвонхои бемухра (масалан, нармбаданхо) узви асосии Системаи хунгард дил аст. Рагхое, ки хунро аа дил ба бофтахо ва узвхои бадан мебаранд, артерия (шараён ё сурхраг) ва рагхое, ки хунро ба дил меоранд, вена (варид ë сиёхраг) номида мешаванд. Девораи артерияхо аз се кабат иборат аст: даруни, миёна ва беруни. Дар артерияхои калон бофтахои чандир ва дар артерияхои миёна ва хурд аз хучайрахои мушаки бисёранд. Артерияхо ба шохахо, шохчахо ва шохчахои майдатарин таксим мешаванд. Хамаи онхо бо хамдигар пайвастанд. Артерияхои аз хама майда артериолахо буда, ба капиллярхо (мурагхо) табдил меёбанд. Девори капиллярхо аз як кабат хучайраи эпители иборат буда, ба гузаронидани моддахои гизои ва газхо мувофик аст, капиллярхо бо хамдигар васл шуда, шабакаи (тури) капилляри хосил мскунанд. Аз онхо рагхои баъдикапилляри, сони веначахои майда ва минбаъд венахо хосил мешаванд. Девораи венахо хеле тунук ва кабати мушакии онхо заиф аст. Бинобар ин деворахои венахои холи ба якдигар мечаспанд. Харакати хун дар венахо ба фаъолияти дил, кувваи кашиши кафаси сина, кашишхурии мушакхои девораи венахо вобаста аст. Дарготхои андаруни венахо ба чараёни акибнокии хун монеъ мешаванд. Хуни коркардашуда (мурдор) бо венаи тихии поёни ба дил (пешдили рост) мерезад.

Н. У. Усмонов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …