Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШИРКАТХОИ ТИЧОРАТУ САНОАТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ШИРКАТХОИ ТИЧОРАТУ САНОАТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ШИРКАТХОИ ТИЧОРАТУ САНОАТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА, ширкатхои тичорату саноат дар Осиёи Миёна баъди ба Россия хамрох шудани он ба вучуд омаданд: Ширкати тичорату саноати мануфактураи калони Ярославль, Ширкати тичорату саноати Андреев, Ширкати тичорату саноати Потеляхов, ширкатхои тичоратии бародарон Крафт, Вадьяевдо, Еглосберг, Фузайлов, Юсуфбоевхо, Алексеевхо, Янушевхо, Адам-Оссер, Муинчоновхо, Симхаевхо, Ширкати тичорату саноати Москва, Чамъияти акционерии Познань, Ширкати тичорат бо Эрон, Ширкати Мойеркорт, Ширкати Кудрин, Ширкати 10. Довудов, Ширкати Бодияр, Ширкати Рудницкий, Ширкати Бешбош ва г. Ш. дар инкишофи худ ду давраи асосиро тай карданд: давраи якум с-хои 60—90 а. 19 ва давраи дуюм с-хои 1900—17. Дар давраи якум Ш. микдоран кам буда, хамчун ташкилотхои намояндагии саноати бофандагии Россия амал карда, ба буржуазияи рус итоат мекарданд. Дар давраи дуюм шумораи Ш., хусусан ширкатхои махалли хеле афзуд. 70%-и шпркатхо дар махалхои пахтакор (Хучанд, Конибодом, Фаргона, Андичон ва г.) ва 30 фоизашон дар махалхои дигари Осиёи Миёна (махалхои чорводор, галлакор, богу токдори ва г.) чойгир будаанд. Аввалин ширкате, ки дар Осиёи Миёна ба хариди пахта шуруъ кард, Ширкати тичорату саноати мануфактураи калони Ярославль буд, ки с. 1884 аз махалхои пахтакори аморати Бухоро, аз чумла аз Янгибозор (p-ни Орчоникидзеободи хозира), Кургонтеппа 100 хаз. пуд, с. 1889-ум 240 хаз. пуд пахта харида, барои саноати бофандагии Россия фиристод. Ш.-хо бо максадп харчи бештар ба дастовардани пахта ба дехконони пахтакор пул карз медоданд, намояндагии худро ба дехот мефиристониданд, то ки дехконони пахтакорро зиёдтар ба тарафи худ чалб кунанд. Барои пахта дар байни ширкатхо ракобати сахт мерафт. Хусусан дар шим. Точикистони имруза дар байни ширкатхои тичоратии бародарон Крафтхо, Кноп, Потеляхов, Вадьяев, ширкати Ярославль ракобат хеле тезу тунд буд. Баъзе ширкатхо (Ярославль. Мейер-карт, Кудрин ва г.) барои бештар пахта ба даст овардан, хатто дар бекии Кургонтеппа, вил. Фаргона, музофоти Хучанд замин харнида, ба воситаи чоряккорхо дар он пахта кишт мекарданд. Ш. барои он ки хангоми тоза кардани пахта мутеи сохибони з-дхои пахтатозакуни набошанд, худашон з-дхои пахтатозакунию равганкаши месохтанд. Ширкати бародарон Вадьяевхо 30 з-ди пахтатозакуни ва 5 з-ди равганкаши, ширкати бародарон Крафт 16, Потеляхов 10, Ярославль 8, москваги 7, Симхаев 7 з-ди пахтатозакуни дошт. Ракобати байни Ш. ду иттиходияи ширкатхо — «Андреевское» ва «Беш-бош»-ро ба вучуд овард. Ин иттиходияхо сохиби 70 з-ди пахтатозакуни ва 10 з-ди равганкаши буданд. Як худи ширкати «Бешбош» 30 фоизи пахтаи кишв. Туркистон, 5 млн пуд пахтаи тозакардашударо мехарид ва 10 млн пуд чигитро дар заводхои равганкашии худ кор карда мебаромад. З-дхои равганкашии ин ду иттиходия 70 фоизи махсулоти з-д-хои равганкашии кишварро истехсол мекарданд. Амалиёти ширкатхо дар Осиёи Миёна ба инкишофи муносибатхои пулию моли ва капиталисти, ба дифференциацияи синфии дехконон овард. Ш. дар вакти карздихи ва чамъоварии хосил дехкононро фиреб дода, ба хар восита мекушиданд, ки онхоро дар итоати худ нигох доранд. Аз ин ру ахоли аз амалиёти ширкатхо ба шур меомад. Ш. асосан то гaлабаи Рев. Каб. Соц. Октябрь ва баъзан онхо то солхои аввали Хокимияти Совети дар Осиёи Миёна вучуд доштанд.

Ад.: Бабаханов М., Социально-экономическое положение Северного Таджикистана накануне Октября (вопросы генезиса капитализма), Д.. 1970

М. Бобохонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …