Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИРИНИ БУХОРОИ Мухаммадшариф ибни Абдуррахими Балхи

ШИРИНИ БУХОРОИ Мухаммадшариф ибни Абдуррахими Балхи

ШИРИНИ БУХОРОИ Мухаммадшариф ибни Абдуррахими Балхи (с. тав. ва ваф. номаълум) шоир ва хаттоти точик (а. 19). Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар хамин чо касби камол кардааст. Забонхои турки, араби ва илми мусикиро медонист. Бино ба маълумотп С. Айни («Намунаи_ адабиёти точик») ва Возех («Тухфат-ул-албоб фи тазки-рат-ил-асхоб») Ш. Б. шахси илму хунардуст, озодфикр ва сохиби табъи баланд будааст. Бо максади тичорати китоб ба шахрхои Россия сафар мекард. Газалхо ва абьёти парокандаи Ш.Б, ки дар тазкираву баёзхо оварда шудаанд, аз истеъдоди баланди шоир дарак медиханд. Дар онхо зебоии ёр ва хушихои зиндаги васф шудаанд, Ш. Б. ба се забон (форси, араби, турки) марсияхои пурсузу гудоз ва газалу мухаммасхои дилошуб навиштааст. Байти зер намунае аз ашъори уст:

 Гах аз сурхии габгаб лаълро дар санг бигдозад.

Гах аз рангинии лаб хун дихад ёкути олиро.

М. Эшов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.