Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИРИНЧАИ ПАХТА

ШИРИНЧАИ ПАХТА

shirinchai-paxta

ШИРИНЧАИ ПАХТА, ширинчаи полиз, як навъ хашаротест, ки ба пахта зарар мерасонад. Махсусан ширинчаи пахта (Aphis gossypii, ниг. расм.) бештар зарар меорад. Ширинчаи модинаи бебол (ширинчаи нарина вучуд надорад) байзашакл (дарозиаш 1,5—2,1 мм) буда, зард ё сабз мешавад. Баъди зимистонгузарони шираи алафхои бегонаро мемакад. Дар харор. кариб 12°С 20— 60-то кирмина мегузорад, ки он баъди 10—15 шаборуз ба ширинча табдил мешавад. Аввали тобистон ширинчаи модинаи болдор пайдо шуда, ба киштзори пахта, канакунчид, полиз ва диг. зироати х. к. мегузарад. Вай шираи баргро мемакад, барг печида мехушкад, растани суст месабзад ва дар натичаи норасоии ангиштобхо кам хосил мебандад. Тирамох Ш. п. нахи пахтаро часпак ва ифлос намуда, ба инкишофи занбуругхои зарарнок дар он мусоидат мекунад. Чорахои мубориза: нест кардани алафхои бегона, ба нихоли пахта пошидани инсектицидхо.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …