Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШИРХОРА

ШИРХОРА

ШИРХОРА, тифли ширмак, разеъ, кудаки ширхурро гуянд. Давраи ширмакии кудак такр. 1— 1,5 сол аст. Аз рузи таваллуд то якмохаги давраи навзоди хисоб мешавад. Вазни навзод ба хисоби миёна 3200—3400 (аз 2500 то 4500) г, кадаш 50 (аз 47 то 50) см, даври сараш 32—34 см аст. Дар давраи навзоди дар организми кудак бисьёр тагйироти морфологию (сохт) функционали (амалиёт) ба амал меоянд. Мас., 3—4 рузи аввал вазни кудак 150—300 г кам ва дар якмохаги 600 —700 г зиёд мешавад. Харорати бадани навзод хафтахои аввал тагйирёбанда буда, бештар ба харорати мухит вобастаги дорад. Майнаи навзод нисбатан калон буда, мушак ва аъзои босираю сомеааш суст таракки кардааст. Пусташ тунуки гулобиранг аст. Дар хаёти навзод мубодилаи об ахамияти калон дорад; 75 —80% вазни кудак об аст.

kudak

Ш. соли аввал тез (то 25 см) кад мекашад. Вазни Ш. дар 5—6 мохаги аз вазни пештараааш ду маротиба ва охири сол се баробар зиёд мешавад. Узвхои хозимаи Ш. дар аввал факат ба хазми шир мутобиканд, баъд тадричан барои хазми дигар гизо низ кобилият пайдо мекунанд. Баъзан кудак хангоми макидани сина хавои бисьёреро низ фуру мебарад ва дар натича шири хурдаашро кай мекунад. Бинобар ин баъди маконидан кудакро то хоричи хаво (оруг задан) якчанд дакика рост нигох доштан лозим аст. Кудак аз бисьёр шир хурдан низ кай мекунад. Агар кудак баъди ягон соати ширхурданаш кай кунад, он гох у бемор аст, тез-тез тар кардан, начосати луобу хунолуд, дамидани шинам, баланд шудани харорати бадан низ нишонахои бемории Ш.-хоанд. Аксарн Ш.-хои солим дар 6—8 мохаги дандон мебароранд. Ш.-и яксола бояд 8 дандон дошта бошад.

Эхтиёчоти Ш. ба хавои тоза аз дигарон зиёдтар аст. Ш.-и солими инкишофаш муътддил дар 2 мохаги сарашро ннгох дошта метавонад, руяшро суиг овоз мегардонад, механдад. Дар 3 мохаги Ш. серхаракат мешавад; сарашро озод ннгох дошта пахлу мегардад, баъзан модарашро мешиносад. Дар 4 мохаги ба шикамаш такья карда, чизхои харакатнокро нагз мушохида мекунад, одами шиносу ношнносро фарк менамояд. Ш.-и 5 моха модарашро хуб мешиносад, чизхоро дошта суи дахон мебарад, ягон чойро капида мешинад. Дар 6 мохаги аз шикам ба тахтапушт мегардад, мустакилона мешинад, бозичахоро мебардорад, кушиши гечидан мекунад. Дар 7-мохаги ба зону меистад, гавак мекашад. Ш.-и 8 моха аз дидани чизхои нав ба хаячон меояд, мустакилона дарро мекашад, ягон чойро капида рост меистад. Дар 9—40 мохаги рост мехезад, харакат кардани мешавад, баъзе калимахо (мас., «оча», «дада» ва г.)-ро талаффуз мекунад. Дар 11— 12 мохаги рох меравад, номи бисьёр чизхоро ёд мегирад, баъзе узвхои баданаш (чашм, даст, пой ва г.) -ро нишон медихад.

Сабзиш ва инкишофи Ш. ба нигхубини хуб ва тарбияи дуруст вобаста аст. Ш.-и 1,5—3 мохаро баъди хар 3,5 соат ва аз 3 моха калонро баъди хар 4 соат хурондан лозим аст. Кудаки солимро дар 11—12 мохаги (гайри тобистон) аз сина чудо мекунанд. Хонаи хоби Ш. бояд равшан ва тозаю озода бошад. То 6 мохаги Ш.-ро дар руз ва баъд хафтае 2—3 бор оббози дорондан зарур аст. Либоси Ш. бояд танг набошад. Барои дар Ш. якчанд яктакча (куртачаи пешкушод, камзулча, парпечи тунук, парпечи гумази, кампал ва г.) лозиманд.

Ад.: Развитие и воспитание ребёнка от рождения до трёх лет, М. 1965; Тур А. Ф., Физиология и патология новорожденных детей. Л.. 1967; Спок Б., Ребёнок и уход за ним М., 1971: Молодым родителям, М., 1973.

М. Ёкубова.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …