Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЪЛАБИХО

САЪЛАБИХО

САЪЛАБИХО (ОгсЫдасеае), як ои- лаи гиёххои бисьёрсола, эпифитхо (бештар дар тропика) ва баъзе лиа- нахоро гуянд. Саълабихое, ки дар замин ме- сабзанд, одатан решапоя ё решаи лундашакл доранд. Онхо асосан дар маргзор, шибарзамин, беша, сохили рудхои кухй меруянд. Эпифитхо, яъне Саълабихое, ки дар шохаву танаи дарахтон месабзанд, решаи овезони хавои доранд. Дар решаи баъзеи онхо фотосинтез мешавад. Барги Саълабихо таназзул ёфта, ба пулакчаи беранг мубаддал шудааст. Пояи баъзеи онхо гафс аст, ки «саълаб» (туберидия) мегуянд; онхо об ва моддахои гизоиро гирд меоранд. Гули гуногунранги як ё дучинса, хушагули сергул (да- розиаш баъзан то 2—3 метр), гузаи 3— 6-паллаи сертухм (дар як гуза то 3—4 миллион дона) дорад.

salab

Тухми онхоро шамол пош медихад. Саълабихо кариб 800 чинс ва то 30 хазор намуди растанихоеро дар бар мегиранд, ки дар бисёр кишвархои дунё (махсусан дар нохияхои серрутубати бешазори тропики ва субтропикии Осиё ва Америка) маъмуланд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР беш аз 120 намуди худруи Саълабихо хастанд. Дар Точикистон 9 намуди Саълабихо маълуманд: Еи1орЫа 1игк1з1ап1са (чойхои серру- тубат, шибарзамин, тугайзори чануби республика; 650—800 метр аз сатхи бахр), (тусзори сернам, шибарзамин, аз каторкухи Зарафшон то к-кухи Пётри 1 ва Помири Шарки; 2100—3100 метр), 3 намуди Ер1рас- 1из (чойхои сернами нохияхои кухсор), намудхои нодири 2еихше з1га- 1оитаИса (махалхои сернами водии дарёхо, дар каторкуххои Хисору Дарвоз), Сое1о£1оззит утде (арчазори нишебихои каторкухи Хисор) ва 4 намуди саълаб — ОгсЫз (нохияхои кухсор, шибарзамини водии дарёхо). Саълабихо растанихои ороишианд (Сое1о£у- пе, СаШеуа, Уаоайа ва гайра). Меваи баъзеи онхоро дар канноди ва атриёт истифода мебаранд. Аз лундабехи онхо (ОгсЬ1з) дору тайёр мекунанд.
Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 2, Москва —Ленинград, 1963; Селезиева В. А., Тропи- ческие и субтропические орхидеи, Москва, 1965. С. Юнусов.

Дар борамон

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз катори гунчишкхо. Дарозии танаш 12 сантиметр, кисми пеши сараш …