Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДУЛЛОЕВ Муллочон

САЪДУЛЛОЕВ Муллочон

САЪДУЛЛОЕВ Муллочон (1903, дехаи Каратог —1978, Душанбе), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Точикистон. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани. Аз оилаи охангар. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1925. Солхои 1913—1918 батрак дар Каратог 1918—1920 бофандаи даргохи бой. Соли 1921 дар органхои ВЧК — ОГПУ дар Бухорои Шарки кор кард. Соли 1924 намояндаи ваколатдори шуъбаи ОГПУ дар уезди Каратог таъин гардид. Соли 1925 намояндаи шуъбаи махсуси ОГПУ-и корпуси 13-уми тирандози дивизияи 8-уми савора. Соли 1926 комиссари халкии савдои Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон. Солхои 1927— 1931 комиссари халкии адлия ва прокуратураи Точикистон. Соли 1931 намояндаи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон дар назди Совети иктисодии Осиёи Миёна. Солхои 1931 —1933 дар курсхои марксизм-ленинизми назди Комитети Марказии ВКП(б) тахсил кард. Солхои 1933—1934 комиссари халкии молияи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон. Солхои 1934—1936 тахсил дар Академияи плансози. Солхои 1936—1941 чонишини сардори шуъбаи саноати хуроквории Госплани Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Солхои 1945—1946 прокурори шуъбаи чинояти-судии прокуратураи Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик. Солхои 1946—1957 раиси Госплани Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, 1957—1965 чонишини раиси Совети хочагии халки Точикистон. Солхои 1927—1935 аъзои Комитети Маркази ва аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии(б) Точикистон буд. Саъдуллоев борхо аъзои Комитети Ичроияи Маркази, аъзои Президиуми Комитети Ичроияи Маркази, аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Узбекистон интихоб шудааст.
Бо ордени Ленин, 4 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени Ситораи Сурх ва медалхо мукофотонида шудааст. Ш. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.