Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЪДУДДИНИ САЙДИ ХИРАВИ

САЪДУДДИНИ САЙДИ ХИРАВИ

САЪДУДДИНИ САЙДИ ХИРАВИ —(соли тавалуд номаълум —вафот 1364), шоири форс-точик. Чараёни зиндагии Саъдуддини Сайди Хирави чандон равшан нест. Бештар дар Исфахон зистааст. Касидахояш дар сабки ироки гуфта шудаанд. Бино ба маълумоти маъ- хазхо девони Саъдуддини Сайди Хирави аз 5000 байт иборат будааст, ки мутаассифона хануз дастраси ахли илму адаб нагардидааст. Саъдуддини Сайди Хирави касидаи зиёде навиштааст. Байтхои зер намунае аз як касидаи уянд:
Субх аст, хоз, ай бути гулрую май биёр,
То рух парварем аз он руи хушгувор.
Гах чанг дарзанем бад-он зулфи мушкбез,
Гах буса барканем аз он лаъли обдор.
Моро агарчи об намондаст дар чигар,
Хар шаб зи дарди хачри ту дарё шавад канор.
М. Диловаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.