Маълумоти охирин

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз катори гунчишкхо. Дарозии танаш 12 сантиметр, кисми пеши сараш сурх, болу думаш сиёх. Дар миёнаи болаш холи зард ва дар интихои болу думаш холи сафед дорад; тахтапушт ва китфаш хокистарранги сурхчатоб; шикамаш сафед. Нулаш гулобитоб. Дар Европа, Осиёи Гарби, Африкаи Шимолу Гарби, дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР (аз сархади гарби то дарёи Енисей) пахн шудааст. 20 зернамудаш маълум аст.

saba
Аз онхо дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР 10 зернамудаш зиндаги мекунад. Дар Точикистон як зернамудаш (Сагйиенз сап1зерз зиЬ- сап1зерз) дар нишебихои куххо, дар чойхое, ки дарахту буттахо зич месабзанд (аз 1000—1100 то 2800— 3000 метр аз сатхи бахр; ба гайр аз мавзеъхои пасту баландкуххо ва Помир) дида мешавад. Паррандаи майда, андозааш 0—9,5 сантиметр. Дар шохи дарахту буттахо лона сохта, 3—5 дона тухм мегузорад. Баъди 12—13 шаборуз аз тухм чуча мебарояд. Чучахояшро бо хашарот парвариш мекунад. Гизои парандаи болиг тухми растанихост. Саъба паррандаи фоиданок аст. Вай тухми алафхои бегона ва хашароти зараррасонро нест мекунад. Халки махалли аз даврахои кадим Саъбаро чун паррандаи хушхон дар кафасхо нигох медорад.
2 СагёиеПз зртиз (расми 2), дарозии танаш кариб 12 сантиметр, . Расми 2. ранги пархояш сабзи зардтоб. Дар Евросиё пахн шудааст. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР дар зонахои дарахтхои сузанбарг, бешахои Криму Кавказ ва гайра дида мешавад. Зимистон туда-туда шуда ба водихои серчангали дарёхо мекучад. Ба Точикистон баъзан зимистон омада, моххои апрел—март боз меравад. Дар шохи дарахтхо лона сохта, 4—5 дона тухм мегузорад. Баъди 12 шаборуз аз тухм чуча мебарояд. Тухми растанихо, ширинча ва дигар хашароти майдаро мехурад.
Адабиёт: Портепко А. А., Птицы Союза Советских Социалистических Республик СССР, часть 4, Москва 1960; Абдусалямов И. А., Фауна Таджикской Советской Социалистической Республики , том 19. часть 3, Птицы, Душанбе 1977. И. А. Абдусаломов.

Дар борамон

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, канди найшакар ё лаблабу, яке аз мухимтарин дисахаридхост, ки дар хамаи растанихои фотосинтезкунанда мавчуд …