Маълумоти охирин

«ШАШМАКОМ»

«ШАШМАКОМ»  силсилаи суруду охангхои классикии точик, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. «Шашмаком» мероси мусикии мардуми точик буда, аз шаш маком: «Бузург», «Рост», .«Наво», «Дугох», «Сегох» ва «Ирок» иборат аст. Хар маком кисматхои сози — «Мушкилот» ва овози — «Наср»-ро дар бар мегирад. «Мушкилот» танхо тарзи оханги буда, тавассути созхои мусики ичро мешавад ва он аз шаклхои оханги «Тасниф», «Тарчеъ», «Гардун», «Мухаммас» ва «Сакил» таркиб ёфтааст. Кисмати «Наср», ки танхо тарзи овозист, дар навбати худ шуъбахо дорад ва ин шуъбахо чун мавзуъхои аслии (асосии) дар макоми мазкур шинохта мешаванд, Огози хар маком аз пардаи чудогона буда, он низ лахни хамон маком ба шумор меравад. Аз ин ру, кадом оханг ва суруду таронае, ки нисбати он маком аст, бо хамон лахн огоз меёбад ва созхои мусики (махсусан танбур, ки сози асосии макомнавози ба шумор меравад) ба таври мухталиф чур карда мешаванд. Мас, барои макомхои «Бузург», «Дуто» ва «Ирок» чури танбур ба тарики зайл аст:

Барои навохтани макоми «Рост» ё худ суруду охангхои он танбур чунин чур мешавад:

Чури танбур хангоми навохтани макоми «Наво».

shashmakom

Шуъбаи якуми кисмати «Наср»-и хар маком, мавзуъхои аслии макомро дар бар мегирад, ки аз «Сарахбор» cap шуда, бо «Уфар хотим» меёбад.

Шуъбаи дуюми «Наср» силсилаи панчкисма буда, дар он мавзуъхои асли ба тарзи сюита, кисми асосиаш «Савт» бо шаклхои охангии «Талкинча», «Кашкарча», «Сокинома» ва «Уфар» ичро мешаванд. Дар ин маврид мазмун ва мундаричаи матну охангхо гуногун бошанд хам, лахн ва усули доира (яъне зарбот) аз зарби сусти муассир («Талкинча») тадричан ба зарби шухи муфарах («Уфар») табдил меёбанд, вале хавои асосии «Савт» дар хамаи чор кисм тагйир намеёбад.

– Дар «Шашмаком» кисмати сеюм низ мавчуд аст, ки он ба баъзе макомхо дахл дорад ва онро шуъбаи сеюмн «Наср» низ гуфтан равост. Чанд асари алохида аз кабили «Рок», «Бебокча», «Синахуруш» («Бузург»), «Каландари», «Самандари», «Оромичон» («Дугох») ва «Гирья» («Сегох») мувофики алхон ва усули доира дохил шудаанд. Аз ин асархо танхо «Рок», «Оромичон» ва «Гирья» услуби сюитави доранд. Онхо дорои мавзуъхои алохида буда, аз чихати сохт ва услуб асари мукаммаланд ва чун асархои чудогона ба охири шуъбаи дуюми «Наср» хамрох шудаанд.

Дар «Шшмаком» танхо макоми «Ирок» як шуъбаи кисмати «Наср» дорад, ки он хам факат аз як мавзуи аслии «Мухайяр» иборат аст.

Гайр аз ин дар «Шашмаком» намудхои охангии «Авчи Турк», «Авчи Дунаср», «Авчи Миёна», «Зебопари» мавчуданд, ки онхоро барои тазйини охангию таронавии макомхо истифода мебаранд (ниг, низ «Авч»).

Шакли охангии «Мугулча» бошад, танхо дар макомхои «Бузург», «Наво», «Дугох» аз «Сегох» вомехурад. «Шашмаком» дар асоси ду сарчашма,— яке аз ганчинаи пурбахоиои мусикии Шарки Миёнаи Дуводахмаком» ва дигаре таснифоти хунарварону мусикидонони асрхои миёна ва охирхои он ташаккул ёфтааст. Дар а-хои 15 —17 хофизону навозандагон ва мусикидонони машхур Устод Хусейн, Саидахмади Гижжаки, Алии Танбури. Устод Шохини Самарканди, Султонмухаммади Удии Самарканди, Гулом Шохи, Абдуллохи Нойи, Бобои Истаравшани, Кавкабии Бухорои, Дарвешалии Чанги, Сайфнддини Газнави, Мираки Чаигии Бухорои ва диг. асархои зйёди мусики офариданд, ки дар инкишоф ва равнади санъати мусикии замонашон мавкеи мухим доштанд. Офарндахои ин устодон ба доираи «Дувоздахмаком» дохил нашуда берун аз он шухрат доштанд. Баробари ин онхо дар асоси асархои мукаммали замонашон хох аз сллсилаи «Дувоздахмаком» бошад) «амал»-у «пешрав»-хо, «накш»-у» савт»-хо эчод мекарданд ва ё сохту шакли асархоро тагйир медоданд, ки ин сабаби пайдоиши  бисьёр навоварихо дар мусики мегардад. Рочеъ ба мусикии замонашон рисолахои мусики таълиф менамуданд, ки дар онхо амалия ва назарияи мусики сабт мегардад ва аз таркибу сохти охангхо дарак медод. Дар а-хои 17—18 acapхои мусикии берун аз доираи «Дувоздахмаком хеле зиёд шуда, таркиботи доира тадричан мекохид. Дар ин миён мебоист доираи наве ба вучуд ояд, ки суруду таронахои берун аз «Дувоздахмаком»-ро дар бар гирад ва ин албатта ба хунарварону мусикидонони а-хои 17—18 вобаста буд. Дар натича, доираи «Дувоздахмаком», «бишкаст»-у ба чои он тадричан доираи наву мухтасар «Шашмаком» ташаккул ёфт. Ин ташаккул аз а. 17 огоз гардида, дар ох. а. 18 ва авв. а. 19 анчом ёфт ва ба чои 114суруду оханги доираи «Дувоздахмаком» 252 охангу таронаи «Шашмаком» ба вучуд омад. Мавзуъхои аслии «Шашмаком» аз «Дувоздахмаком» гирифта шудаанд, ки онхо дар шакли иваз намудани мавкеъ фарохам омадаанд ва баъзеашон аз ин силоила афтида чун асархои алохида дар байни хунарварон сайр кардаанд.

Чанде аз онхо «Найрез», «Баёти Курд», «Шахноз», «Буслик» («Бусалик») ва г. то хол маъмуланд. Ба таркиби «Шашмаком» шаклхои оханги даромаданд, ки онро гани ва пуробу ранг гардонидаанд. Ин шаклхои оханги чун «Талкинча», «Кашкарча» (ба анъанаи мусикии уйгури шабохат дорад), «Сокинома» (матну охангаш ба сокиён мансуб аст) ва «Уфар» (оханги ракси) силсилаи сютавии «Шашмаком»-ро ба вучуд оварданд.

Баъзе охангу таронахои «Шашмаком» («Мухаммас», «Сакил», «Уфар», «Чанбар») дар «Дувоздахмаком» чун вазн ва усули оханги истифода мешуданд.

Дар а-хои 18—19 рочеъ ба «Шашмаком»  бисьёр рисолахои мусики таълиф шудаанд, ки «Рисолаи «Шашмаком»-и Мусохочаи Туркистони (1884) аз чумлаи онхост. Ин асар доир ба таркиб ва сохти «Шашмаком» маълумоти муфид дорад. Хунарварон ва мусикидонони барчастаи а. 19 ва авв. а. 20-и точик Калхоти Ворух, Мирзо Отахони Танбури, Отачалоли Хочихони Чорчуи, Отагиёс, Мирзоназруллои Танбури, Азизов Шоди, Домуллохалим Ибодов, Леви Бобохонов, Хочиабдулазиз, Содирхон Бобошарифов, Умар Хофиз, Мулло Туйчи Тошмухаммадов аз бузургтарин устодони «Шашмаком» буданд, ки таввссути онхо «Шашмаком» то мо расидааст.

С-хои 50—60         «Шашмком»-ро Бобокул Файзуллоев, Шохназар Сохибов ва Фазлиддин Шахоов ба нота гирифтанд, ки дар кадии 5 чилд ба табъ расид. Гайри ин ба кумаки ин устодон «Шашмаком» ба навори магнитофон сабт гардид, ки онро сарояндагони хушсалика А. Бобокулов, Б. Исхокова, Б. Ниёзов, А. Солехов, Н. Тоштемиров, навозандагони мумтоз Н. Шоулов, Я. Ч. Бободустов, Д. Муминшоев, А. Аминов, А. Хасанов ва ансамбли макомхонон ичро кардаанд.

Нусхая навор дар фонди тиллоии Архиви давлатии PСС Точикистон махфуз аст. И. Рахимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …