Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / САРВАТХОИ ТАБИИ

САРВАТХОИ ТАБИИ

САРВАТХОИ ТАБИИ, ашёи хоми минерали, «мачмуи мине- ралхои табииеро гуянд, ки дар руй ё зери замин дар натичаи про- сессхои гуногуни геологи-пайдо шуда, аз чихати микдор, сифат, таркиби химияви, хосияти физики ва шароити чойгиршавии худ дар хочагии халк ба кор меоянд. Сарватхои табии аз конунхои гуногун иборатанд. Конхои Сарватхои замини вобаста ба шароити пайдоиш ба серияхо (конхои седиментогени, магматогени ва метаморфогени), серияхо дар навбати худ ба гуруххо, синфхо ва зерсинфхо чудо мешаванд.
Конхои седиментогении Сарватхои замини дар руи замин ва зонахои ба он наздик аз таъсири энергияи берунии Замин дар натичаи дифференсиасияи химияви, биохимияви ва механикии моддахои минерали ташаккул меёбанд. Ин конхо асосан аз конхои фарсоиш, конхои пошхурда ва конхои тахшини иборатанд.
Конхои магматогении Сарватхои замини хангоми ба сифати манбаи энергияи зеризамини пайдо шудани магма ва аз таъсири он руй додани дифференсиасияи геохимиявии моддахои минерали ба вучуд меоянд. Ин гуна конхо 5 гурухи асосиро, дар бар мегиранд: конхои магмави, конхои пегматити, конхои карбонати, конхои скарни ва конхои гидротермали.

zamin
Конхои метаморфогении Сарватхои замини дар просесси метаморфизми регионали ва махдуди чинсхои кухи пайдо мешаванд.
Аз чихати синни геологи конхои Сарватхои заминиро ба синни археи, протерозой, рифей, палеозой, мезозой ва кайнозой чудо мекунанд. Вобаста ба макони шаклгирии худ конхои Сарватхои замини геосинклинали (нохияхои чиндор) ва платформаги мешаванд. Аз руи чукуриашон конхои Сарватхои заминиро ба конхои ултраабиссали (зиёда аз 10—15 километр), абиссали (аз 3—5 то 10^—15 километр), гипабиссали (аз 1,5 километр то 3—5 километр) ва конхои ба руи замин наздик (1—1,5 километр) чудо мекунанд.
Сарватхои замини ба се гурух таксим мешаванд: металли, гайриметалли ва сузанда.
Сарватхои заминии металли аз металлхои холис, маъдани металлхои сиёх, ранга, нодир ва радиоактиви, инчунин маъдани элементхои нодирзамин иборатанд.
Ба гурухи Сарватхои заминии гайриметалли ашёи хоми кухии химияви (намакхои гуногун, гипс, барит, сулфур, фосфорит, апатит), ашёхои оташбардор, электротехники, пьезооптики, гармию садоногузар ва ба кислотаю ишкор тобовар, масолехи бинокори, сангхои киматбахо, резакори ва техники дохил мешаванд. Ба гурухи Сарватхои заминии с у з а н д а нефт, гази сузанда, ангиштсанг ва ангишти бур, торф, вараксангхои сузанда мансубанд.
Аз руи холати физикиашон Сарватхои замини с а х т (ангишт, маъдан ва Сарватхои заминии гайримаъдан), моеъ (нефт, обхои минерали) ва газмонанд (газхои табиии сузанда ва инерти) меша- ванд.
М а н о б е и (ресурсхои) м и н е р а л и мачмуи Сарватхои заминии давлатхо, китъахо ё ки тамоми чахон буда, барои тараккиёти мухимтарии сохахои истехсолоти саноати (энергетика, металлургияи сиёх ва ранга, саноати химия, сохтмон) заминаи асоси аст. Манобеи минералиро аз чихати истифодаи саноати ба гуруххои зерин чудо мекунанд: а) манобеи сузишвори ва энергетики (нефт, гази табии, ангиштсанг, вараксангхои сузанда, торф, маъдани уран); б) манобеи маъдан, ки асоси ашёи хоми металлургияи сиёх ва ранга мебошад (маъданхои охан ва манган, хромит, боксит, маъданхои мис, сурбу рух, никел, волфрам, молибден, калъаги, сурма, маъдани металлхои асил ва гайра); в) ашёи хоми химияи кухи (фосфорит, апатит, намакхои ош, калий ва магний, сулфур ва пайвастхои он, бор, бром ва махлулхои йоддор); г) масолехи бинокории табии ва гурухи калони Сарватхои заминии гайримаъдан, инчунин сангхои резакори, техники ва киматбахо (мармар, гранит, яшм, акик, булури кухи, бечода, корунд, алмос ва гайра); д) манобеи гидроминерали (обхои зеризаминии ши- рин ва минерали).
Ба гуруххо чудо кардани манобеи минерали шарти аст, зеро баъзе Сарватхои замини якбора дар якчанд сохахои саноат кор фармуда мешаванд (масалан, нефт ва газ на танхо сузишвории арзон, балки барои саноати химия мухимтарин ашёи хоми технологи мебо- шанд).
Микдори ашёхои хоми минералиро захирахои Сарватхои замини меноманд. Ин захирахо дар асоси маълумоти иктишофи геологи муайян карда мешаванд. Захирахои Сарватхои заминиро ба хисоби метр3 (масалан, газхои сузанда, масолехи бинокори), тонна (масалан, нефт, ангишт, маъдан) ва кирот (масалан, алмос ва дигар сангхои киматбахо) чен мекунанд. Ба микдори манобеи минерали дар асоси захирахои муайян ва иктишофшудаи Сарватхои замини бахо медиханд.
Мамлакатхои сотсиалисти, махсусан Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР, дорои манобеи калони минералианд.
Иттифоки Совети аз руи захирахои иктишофшуда ва истихрочи ангишт, маъдани охан ва манган, намаки калий, захирахои торф ва асбест дар чахон чои 1-ум, исшихрочи гази табиию асбест чои 2-юм, аз чихати захира, истихроч ва истехсоли бисёр металлхои ранга, нурихои фосфатдор, хромит ва гайра низ яке аз чойхои намоёнро ишгол мекунад.
Дар натичаи тараккиёти истехсолоти саноатии аксар мамлакатхо талабот ба манобеи минерали хеле афзудааст. Истехсолоти саноати кухии чахон хар сол 4—8% меафзояд.
Сарватхои минералии зеризамини аз нав баркарор намешаванд. Бинобар ин самарабахштар ва ба таври комплекси истифода бурдани ашёи хоми минерали, аз чумла дар вакти истихроч ва коркарди он, ба талафшави рох надодан яке аз вазифахои мухим аст. Хангоми коркарди комплексии маъдан танхо бо истихрочи компонентхои асоси махдуд шудан лозим нест. Чунончи, аз бисёр маъданхои охан кобалт, никел, титан, ванадий, фосфор ва дигар элементхои киматбахо гирифтан мумкин аст. Кариб тамоми элементхои нодирзамин ва парокандае, ки барои техникаи нав заруранд, дар табиат конхои мустакил надоранд ва онхоро танхо хангоми коркарди комплексии маъдани металлхои ранга хосил кардан мумкин аст. Истифодаи гази сузандаи нефт, инчунин сулфур ва гелий, ки дар таркиби гази табиии бисёр конхо ёфт мешаванд, ахамияти мухими иктисоди доранд. Обхои укёнуси Олам ва намакобхои зеризамини захираи мухими ашёи хоми минералианд.
Адабиёт: Татаринов П. М., Условия образования месторождений рудных и нерудных полезных ископаемых, 2 издание, Москва, 1963; С м и р н о в В. И., Геологип полезных ископаемых, 2 издание, Москва, 1969; М и р л и н Г. А., Минеральные богатства Союза Советских Социалистических Республик СССР, «Плановое хозяйство», 1972, № 11.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …