Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРОМОС

САРОМОС

САРОМОС, с у р х б о д, х у м р а, бемории сироятиест иборат аз газаки пуст, рагхои лимфавии пуст ва пардахои луоби. Одам дар натичаи аз пусти захмдор ба бадан дохил шудани стрептококкхои хунобкунанда сироят меёбад. Хангоми заиф шудани бадани одам (вайрон шудани мубодилаи моддахо, хунукхури, гуруснамони, беморихои музмини пуст ва гайра) бактерияхо аз рагхои лимфагу- зари пуст ва рагхои лимфагард гузашта пахн мешаванд.

ssss

Дар сурати пайдо шудани Саромос дар бофтахои узви бемор варамхои пур аз зардоб ба вучуд омада, хун дар капиллярхо аз харакат мемонад. (Саромоси эритемави ё х у м о м и). Дар натичаи бисёр чамъ шудани обият руи пуст кучида обила пайдо мешавад (Саромоси о б и л а- нок). Дар сурати Саромоси дабиланок баъзе кисмхои обиланоки пуст мадда мекунанд; дар мавриди аз кор мондани бофтахо Саромоси мавоти инкишоф меёбад. То 40—41Селсия баланд шудани харорат, ларза, сусти, кайкуни, дарди сар аломатхои асосии Саромос мебошанд. Аломатхои зохирин Саромос (варам, обила, сурхшавии пуст) аксар вакт дар чехра ва пойхо падид омада, пустро лаввас мекунонад, гаддудхои лимфавии хамшафат калон ва дарднок мегарданд. Саромос 1—2 хафта давом мекунад. Саромос бемории аксар вакт такрорёбанда буда чун дабила (флегмона), уфунат (сепсис), думмал (абссесс), газаки суддаовари венахо (тромбофлебит), боду гу- бор боки мемонад. Дар як чой бисёр такрорёбии Саромос боиси лимфостаз (рукуди лимфа) мегардад.
М у о л и ч а: антибиотикхо, препаратхои сулфаниламиди, витаминхо, омилхои физиотерапевти. П е ш г и р и: пешаки ва пурра безараргардонии захмхои пуст.
Адабиёт: Гальперин Э. А., Рыскинд Р. Р., Рожа. Москва, 1966; К а р т е е в А. II., [ва дигар), Рожа, Кемерово, 1977.
X. Камардинов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …