Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРМОЗАНИИ РАСТАНИ

САРМОЗАНИИ РАСТАНИ

rastani

САРМОЗАНИИ РАСТАНИ, нобуд шудани растани ё узвхои он дар натичаи ях бастани бофтахо. Об дар харорати пасттар аз —1*Селсия дар хучайрахои растани ва байни хучайрахо ях мекунад, ях сохти дарунии хучайрахоро вайрон намуда, онхоро нобуд месозад. Об дар байни хучайра ва дар протоплазма ях мебандад. Вобаста ба намуд, навъ ва холати физиологи Сармозании растани аз микдори гуногуни яхи хучайрахо ба амал меояд. Картошка, помидор, лубиё, бодиринг, пахта дар хунукии —2°Селсия нобуд мешаванд. Растанихои хунукзада, вале нобуднашуда, дар натичаи нихоят тез об шудани ях нобуд шуда метавонанд; хангоми суст об шудан бошад, хучайрахои хануз зиндаи ин растанихо обро тадричаи чаббида, зинда мемонанд.
Хусусан себ, нок ва пиёзи яхкарда аз тез об шудан зарар мебинанд. Бо рохи баланд бардоштани дарачаи сармобардории растани, обутоби растани бо Сармозании растани мубориза мебаранд. Барои хифзи дарахтони мевадор аз сармозани баъзе тадбирхои махсус (дудихи, пушишхои гуногун ва гайра) истифода мешавад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …