Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРМОБАРДОРИИ РАСТАНИ

САРМОБАРДОРИИ РАСТАНИ

САРМОБАРДОРИИ РАСТАНИ, аз сармон кутох ё дарозмуддат талаф нашуда ба хунуки тоб овардани растаниро гуянд. Дар растанихои зимистонгузарон сармобардори хар сол дар натичаи тайёрии дарозмуддат ва мураккаби онхо ба зимистон инкишоф меёбад (нигаред. Обутоби растани). Дар давраи гарми сол, вакте ки растанихо месабзанд, кобилияти сармобардории онхо кам ва дар давраи сармои зимистон зиёд мешавад. Дар вакти гармо Сармобардории растани хеле паст, вале баъд, агар хунуки тадричан шиддат ёбад, аз нав баланд мешавад.

rastani

Якбора пасту баланд шудани харорат хавфнок аст, чунки растани фурсат намеёбад такроран обутоб ёбад. Дар хучайрахо ба вучуд омадани просессхои физикию химияви (аввалан, душворшавии яхбандии оби дохили хучайра, сониян, баланд шудани тобоварии хучайрахо ба беобшавии протопластхо ва тагйири механикии яхи берун’аз хучайраи онхо) ба Сармобардории растани сабаб мешавад. Ин хосияти хучайрахо дар чараёни бо харорати паст дар якчанд давра (аз давраи ороми сар карда) обутоби растани инкишоф меёбад. Агар дар ягон давра дар хучайрахои растани просесси зарури нагузад он вакт растанихо ба кадри даркори сармобардор намешаванд ва мумкин аст нобуд шаванд.
Сармобардории растани, пеш аз хама, аз руи хусусияти ирси муайян мешавад. Баъзе растанихо дар хавои начандон хунук нобуд мешаванд (масалан, дарахти лиму дар харорати аз —5 то —1242), кис- ми дигарашон дар зимистони кахратун (масалан, баъзе дарахтони себ ба сармои то —•40°Селсия тоб меоранд) хам зинда мемонанд, дарахти чалгуза, губайро ва гайра дар Сибири Шарки дар харорати —70°Селсия зинда монда метавонанд. Хатто навъхои гуногуни як намуди растани хам ба андозаи якхела сармобардор нестанд. Масалан., баъзе навъхои гандуми тирамохи дар харорати —15°Селсия, дигарашон дар —22°Селсия нобуд мешаванд. Бинобар ин яке аз усулхои нисбатан самарабахши баланд бардоштани Сармобардории растани руёндани навъхои сармобардор ва ба шароити махалхо дуруст мутобик кардани онхо мебошад. Ба Сармобардории растани инчунин шароити хоку иклим ва усулхои агротехникие, ки растаниро бо шароити мусоиди обу гизо, аэрасия таъмин мекунанд, таъсир мерасонанд. Сар- мобардории растанихои кишта дар шароити табии (дар сахро ё бог) ба дарачаи обутоби пешакии онхо вобаста аст. Масалан, гандуми тирамохи дар харорати аз —15°Селсия паст аз хунуки нобуд мешавад; баъди дар лаборатория обутоб додан ба хунукии то —30°Селсия тоб оварда метавонад. Нихоли яксолаи зардолу баъди обутоби ла- боратори дар харорати —60°Селсия факат андаке зарар мебинад, себи «Антоновка» бошад, баъди чунин сармо хурдан хам гул карда метавонад. Каламчаи сиёхкот баъди обутоби лаборатори ба сармои сахттарин дучор шавад хам, реша гирифта, инкишоф, ёфта метавонад. Ба Сармобардории растанихои сахро аз руи микдори растанихое, ки дар вохиди муайяни замин зимистон гузаронидаанд, бахо дода мешавад. Дар лаборатория бошад, Сармобардории растаниро бо ёрии яхдонхо муайян мекунанд.
Адабиёт: Туманов И. И., О физиологическом механизме морозостойкости растений, «Физиология растений», 1967, том 14, век 3.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …