Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САРМАТХО

САРМАТХО

САРМАТХО (аз лотини 8агта1ае), номи муштараки кабилахои эронизабон, ки асри 3 то милод—асри 4 милод дар биёбонхои аз дарёи Тобол дар Шарк то дарёи Дунай дар Гарб маскун буданд. Таърихи ибтидои Сарматхо бо савроматхо вобастааст. Хочагии Сарматхо асосан аз чорводори иборат буд. Сарматхои бо ахолии мукимии дехкон хамрохшуда бо зироат низ машгул буданд. Дар байни Сарматхо таназзули сохти авлоди ва ташаккули синфхо огоз ёфта, ашрофони бои авлодию кабилави, пешвоёни харби ва дастахои чанговарони онхо пайдо шуданд.

1533653687_pamyatnik-kobanskoy-kulturyi2ust

Интишори Сарматхо ва харакати онхо ба Гарб дар натичаи ба даст даровардани чарогоххои нав, кушиши ба шахрхо ва районхои зироати ба максади савдо ва горатгари наздик шудан ба амал меомад. Аз асрхои 3—2 то милод як кисми Сарматхо дар хамворихои назди Кавказ маскан гирифта, кисми дигарашон дар биёбонхои шимоли назди бахри Сиёх давлати Сарматияро ташкил карданд. Дар поёноби дарёи Дон ва дар назди Кубан Сарматхо бо меотхо омехта шуданд. Дар охири асри 2 то милод дар мубориза бо подшохии Понт иттифокчии скифхо буданд. Дар чангхои дохилии давлати Босфор иштирок карда, вориди шахрхои он мешуданд. Дар асри 1 то милод иттифокчии подшохии Понт дар мубориза ба мукобили Рим буданд. Гурухи шаркии Сарматхо аз чихати иктисоди ва сиёси бо давлатхои Осиёи Миёна, хусусан бо Хоразм алокаманд буд. Аз асри 1 милож ба Закавказия юришхо ташкил намуда, ба сохилхои дарёи Дунай омаданд ва дар назди сархади империяи Рим сокин шуданд. Дар асрхои аввали милод дар байни Сарматхо аланхо пурзур гаштанд. Дар асри 3 милод хокимияти Сарматхоро дар кисми шимолии Назди бахри Сиёх готхо зарба заданд ва асри 4 онхоро гуннхо торумор кардаид. Як кисми Сарматхо бо готхо ва гунихо дар мухочирати азими халкхо иштирок намуданд. Дастахои алохидаи Сарматхо ба Испания рафта, ба Африкаи Шимоли гузаштанд. Гуруххои Сарматхо, ки дар Чануби мамлакати мо монда буданд, дар аввалхои асрхои миёна бо дигар халкхо, аксаран бо славянхо, бо халки кисми шимолии Кавказ ва кабилахои туркизабон омехта шуданд.
Адабиёт: Смирнов К. Ф. Савроматы. Ранняя история и культура сарматов, Москва, 1964. ‘

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …