Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАРКШИНОСИ

ШАРКШИНОСИ

ШАРКШИНОСИ, ориенталистика, илмест, ки таърих, иктисодиёт, забонхо, адабиёт, этнография, санъат, маданият, адьён, фалсафа, осори мадании модди ва маънавии Шаркро ба таври чомеъ меомузад. Дар дохили Шаркшиноси сохахои чудогонаи регионали: мисршиноси, ошуршиноси, сомишиноси, арабшиноси, эроншиноси, туркшиноси, хитойшиноси, мугулшиноси, хиндшиноси, японшиноси ва г. ба вучуд омадаанд. Кадимтарии сохаи Шаркшиноси эроншиносист, зеро юнониёни кадим нахустин бор давлати Эрони кадим ва баъдтар тамоми кишвархои дар шарки Юнон чой гирифтаро Шарк ном додаанд. Аз хамин чо мафхуми Шаркшиноси пайдо шуда аст ва худуди чугрофии ин мафхум таъин гардидааст.

Шаркшиноси дар Европа аз асрхои миёна, хангоми баркароршавии робитахои тичорати ва сиёсии европоиён бо мардуми Осиё ва Африкаи Шимоли oгоз ёфтааст. Дар ин давра олимони Европа танхо ду забон— яхудии кадимро чун ягона забони мабдаии инсоният ва арабиро ба шарофати осори Абуали ибни Сино ва Ибни Рушд эътироф мекарданд.

Омузиши забони форси дар а. 17, асосан, бо максади ба рох мондани тичорату муносибатхои иктисоди ва дипломати ривои ёфт. Дар ин давра муносибатхои капиталисти ба миён омада буданд ва эроншиноси аз ин чихат нисбат ба арабшиноси бештар ахамияти амали дошт. Ох. а. 16 дар Европа нахустин типографияхои хуруфи шарки дошта ба вучуд омаданд. Дар а. 17 грамматика ва лугатхои забонхои шарки — турки, араби, форси ва г. ба табъ расиданд. Дар Италия, Франция, Англия, Испания, Голландия дастнависхои зиёде шарки чамъ оварда шуданд. Дар асоси ин дастнависхо якчанд асархои чомеъ, аз кабили «Китобхонаи шарки»-и д’Эрбело, ки дар бораи муаллифони шарки ва осори онхо маълумоти нисбатан мукаммал медод, мураттаб гардид (нашри якум — Париж, 1697; нашри дуюм — Гаага, 1777 —78; нашри сеюм ба забони немиси—1785). Инчунин матну тарчумаи як зумра осори классикони адабиёти форс-точик (мас., «Гулистон»-и Саъди) чоп шуданд.

Асрхои 17—18 дар Европа филоориентализм (шаркдусти) инкишоф ёфт, ки он осори мадании Шаркро аз диди нав кашф намуда, барои ичрои максадхои худ мубориза бар зидди истибдоди феодалон ва риёи диндорон истифода мекард. Дар арафаи Революцияи Кабири Франция филоориентализм бо Маорифпарвари робита дошт (драмахои «шаркии» Вольтер, «Номахои форси»-и Ш. Монтескьё ва г.).

Методи илми дар Шаркшиноси танхо дар а. 19 роич гардид. Дар асоси ин метод филологияи Шарк, ки ба забоншиносии мукоисави асос гузошт, бештар ривоч ёфт. Пайдоиши забоншиносии мукоисави ба кашфи хатхо ва забонхои кадим марбут буд: с. 1771 олими франсави Анкетиль-Дю-перрон Авесторо ба франсави тарчума кард; олимони англис У. Чонс ва Г. Колбрук омузиши санскритро дар мукоиса бо забонхои европои шуруъ намуданд; с. 1802 олими немис Г. Гротефенд, сипас с-хои 20— 30 а. 19 олими данияги Р. Раск, англис Г. Роуливсон, франсави Э. Ббюруф хати мехии форсии кадим, Олими франсави П. Э. Ботта, ирланди Э. Хинкс хати мехии ошури-бобули ва олими франсави Ф. Шампольон с. 1822 иероглифхои мисриро кашфу рамзкушои карданд.

Шаркшиноси дар замони хозира яке аз сохахои тараккикардаи илм дар хорича (Европаи Гарби, ШМА ва мамлакатхои Шарки хоричи) мебошад. Ба инкишофи Шаркшиноси дар Европа тагйироти пас аз чанги дуюми дахони руйдода таъсир расонид. Олимони шаркшиноси хоричи кариб дар тамоми Шарк хафриёти бостоншиноси гузаронидаанд, матни катибахову осори хаттии хахоманшни, пахлави, сугди, порти, хутани ва г-ро рамзкушои карда, ба табъ расондаанд. Шаркшиносони хоричи инчунин асархои чомеъ оид ба таърихи адабиёт, забонхо, шевахо, сиёсати забони дар мамлакатхои Шарк, маданият, афкори фалсафи, таълимоти динии халкхои Шарк ба вучуд овардаанд. Шаркшиносони мутараккии хоричи акидаи зиддилмиеро, ки мувофики он гуё кишвархои Шарк дар чахолат монда буданд ва мустамликадорон ба он чо чун хомиёни маданият кадам гузоштанд, рад намуда, таърихи мардуми Шаркро ба сифати як чузъи чудонашавандаи таърихи инсоният меомузанд. Дар омузиши таърих, маданият, адабиёт, забон, иктисодиёти Шарк ва г. хиссаи мухаккикон — намояндагони худи мамлакатхои Шарк, хеле калон аст.

Масъалахои гуногуни Шаркшиноси дар конгрессхои байналхалкии шаркшиносон (аз с. 1873 то имруз 31 конгресс баргузор шудааст) чамъбаст карда мешаванд.

Дар Россия омузиши забонхои Шарк пас аз фармонхои Пётри I (с-хои 1700 ва 1702) расм гардид. Яке аз аввалин грамматикахои санскритро дар Европа мухаккики рус Г. С. Лебедев с. 1801 тартиб дод. Шаркшиноси маъруфи а. 19 Н. Я. Бичурин (Иакинф) буд. Шаркшиносони рус дар Ун-тхои Казон (аз с. 1807) ва Петербург (аз с. 1819) тарбия мегирифтанд. С. 1818 дар Россия Ганчинаи дастнависхои шарки ва сиккахо—Музеи Осиё таъсис ёфт, ки баъдан маркази академии Шаркшиносии гардид.

Дар Шаркшиносии тореволюционии рус равияи демократии мутаракки ба назар мерасад. Намояндагони ин равия ба халкхои Шарк, таърих ва маданияти онхо эхтироми зиёд доштанд ва мокушиданд ба таъсири мутакобил ва робитахои маданияти Шарку Гарб мусоидат намоянд; он хо ба кисмату такдири мамлакатхои Осиё ва Африка бетараф набуданд, муборизаашонро дар рохи озоди ва пешрвфти мадани дастгири менамуданд. Шаркшиносии расмии «давлатии» Россиян подшохи ба манфиат ва максадхои мустамликадории помещику капиталистон хидмат мекард.

Шаркшиносии марксисти дар Россия ибт. а. 20 пайдо шуд. Ташаккули он ба фаъолияти илмию публидсистии В. И. Ленин ва як зумра намояндагони партияи большевикон, ки сиёсати мустамликадории империализм ва муборизаи озодихохии миллиро меомухтанд, вобаста буд.

Шаркшиносони рус доир ба Шаркиноси осори пуркимат офарида, ба сохахои мухталифи он, аз кабили туркшиноси, кавказшиночи ва г. асос гузоштаанд. Мактаби хитойшиносии рус шухрати чахони дошт. Асосгузори мактаби хиндшиносии рус И. П. Минаев мебошад. Тадкикоти бунёди оиди забонхои эрони, фольклору адабиёт ба А. В. Болдырев, К. А. Коссович, В. А. Жуковский, К. Г. Залеман, Ф. Е. Корш тааллук доранд. К. Г. Залеман инчунин асосгузори омузиши забонхои помири мебошад. Хиссаи В. А. Дорн дар афгоншиноси, А. Ходзько ва Лерх дар тадкики забони курди, А. М. Шегрен ва В. Ф. Миллер дар омузиши забони осетини хеле калон аст. Арабшиносони маъруфи рус О. И. Сенковский, А. В. Болдырев, Г. С. Саблуков, X. Д. Фрей, Д. А. Хвольсон, В. Ф. Гиргас ва В. Р. Розен буданд. Шаркшиносони тореволюциони хуччату манбаъхо, осори маданияти модди ва маънавии Осиёи Миёна, Сибирь, Мугулистон, Хитой ва г-ро кашф намуда, дастраси ахли илм гардониданд. Тадкикоти сершумори оид ба таърих, чугрофия ва тарзи зиндагии мардуми кадимии Осиёи Миёна ба калами В. В. Григорьев, Н. В. Ханыков, Н. И. Веселовский, В. В. Бартольд ва диг. дахл доранд. Асосгузори мактаби русии таърихи Шарки Кадим Б. А. Тураев мебошад. Ба вусъати Шаркшиноси дар Россия Чамъияти географии рус (дар Петербург), чамъияти дустдорони табиатшиноси, антропология ва этнография (дар Москва), инчунин Комитети русии омузиши Осиёи Шарки ва Миёна мусоидат намуданд. Тадкикот ва хафриёти бостоншиноси ба ухдаи Шуъбаи шаркии Чамъияти археологии рус буд. Мухимтарин нашрияхои Шаркшиноси журнали «Азиатский вестник» (СПБ, 1825—27), силсилаи «Melanges asiatigues» (1852— 92), «Записки Восточного отделения Русского археологического об-ва» (СПБ, 1887—1921), «Известия Русского географического об-ва» (СПБ—М., 1865), ж-и «Мир ислама» (СПВ, 1912—13), «Ученые записки Казанского университета» (Казань, 1834), «Труды по востоковедению Лазаревского восточного института» (М., 1899 —1916) ва г. буданд.

Баъди галабаи Революцияи Кабири Социалистии Октябрь Шаркшиносии совети дар шароиту вазъи душвори “Чанги граждани, инторвенцияи хоричи ва баркарорсозии хочагии халк ташаккул меёфт. Хиссаи В. И. Ленин дар ташаккул ва инкишофи Шаркшиносии совети бузург аст. Мувофики Декрети СКХ-и РСФСР (7 сент. 1920), ки В. И. Ле-нин имзо карда буд, Ин-ти марказии забонхои зиндаи Шарк ташкил гардид. Накшаи таълимии он ба вазифахои илми ва амалии пешгузоштаи Давлати Совети мутобик буд.

Шаркшиносии совети ба анъанахои Шаркшиносии гузашта назари танкиди дошт, ба масъалахо аз нуктаи назари интернационализм бахо медод ва бо ин хусусияташ аз Шаркшиносии буржуази ба кулли фарк мекард.

С. 1921 мувофики нишондоди В. И. Ленин донишкадахои олии Шаркшиноси ва Ассоциацияи умумироссиягии илмии шаркшиноси таъсис ёфтанд. Ин Ассоциация ва нашрияаш ж. «Новый Восток» дар инкишофи Шаркшиноси хиссаи арзанда гузоштанд. Баъдтар дар Ун-ти коммунистии халкхои Шарк Ассоциацияи илмии тадкикот оид ба омузиши мустамликахо ва масъалахои милли ташкил ёфт. Ин ташкилот якчанд монографияхо, мачмуахо ва ж. «Революционный Восток»-ро нашр кард. Шаркшиносони маъруфи рус дар марказхои нав ташкилшудаи Шаркшиноси ба кор шуруъ карданд. Дар ин давра академикхо В. В. Бартольд, Н. Я. Марр, .С. Ф. Ольденбург, Ф. И. Щербатской, Б. Я. Владимирцев, И. Ю. Крачковский, П. К. Коковцов асархои пуркимат офариданд. Омузиши таърихи Шарки Кадимро академик В. В. Струве бо роху равиши нав пеш гирифт. С. 1930 дар заминаи Музеи Осиё ва баъзе муассисахои дигари Шаркиноси Ин-ти шаркшиносии АФ СССР таъсис гардид.

Марказхои нави тайёр кардани шаркшиносон ба вучуд омаданд (Инти забонхои зиндаи Шарки Ленинград ба номи А. С. Енукидзе, Ин-ти шаркшиносии Москва ба номи Н. И. Наримонов ва г.). Асархои илмии марксисти оид ба таърих, иктисодиёт ва адабиёти кишвархои муосири Шарк, оид ба масъалахои аграри, харакати коргари ва бухрони сиёсати мустамликадори, китобхои дарси доир ба забонхои гуногун ва таърихи Шарк таълиф шуданд. Як хусусияти Шаркшиносии муосир он аст, ки худи халкхои Шарк, аз он чумла Шарки совети дар инкишофи он хисса мегузоранд. Дар АФ СССР ва АФ республикахои иттифоки марказхои нави омузиши масъалахои Шаркшиноси таъсис гардиданд (шуъбахои шаркшиноси, ин-тхои таърих, забон ва адабиёти академияхои республикахо, инт-хои шаркшинси АФ РСС Узб, Озарб., Гурч., Точикистон ва г) . Дастнависхои зиёди шарки дар ганчинахои Ленинград, Тошкент, Душанбе, Боку, Ереван, Тибилиси, Казон ва диг. чойхо чамъовари шудаанд. Дар Ун-ти Москва, Ин-ти мамлакатхои Осиё ва Африка, дар Ун-тхои Ленинград, Тошкент, Боку, Тбилиси, Душанбе ва г. фак-ти шаркшиноси мавчуданд. С. 1950 Инти шаркшиносии АФ СССР аз Ленинград ба Москва гузаронида шуд. Холо Шуъбаи Ленинградии Ин-ти шаркшиносин АФ СССР вучуд дорад. С. 1957 Нашриёти адабиёти Шарк таъсис ёфт (аз с. 1964— Сарредаксияи адабиёти Шарки нашриёти «Наука»). Нашрияхои асосии Шаркшиноси ж-хои «Советское востоковедение (1955; 1959—61— «Проблемы востоковедения» ном гирифт, аз с. 1961 «Народы Азии и Африки») ва «Современный Восток» (1957; аз с. 1961 — «Азия и Африка сегодня») мебошанд. Шаркшносони совети дар осори илмии худ якдили ва хамраъйиашонро ба муборизаи озодихохии миллии халкхои Осиё ва Африка кушоду равшан изхор менамоянд, ба тадкику тахлили масъалахои рузмарраи зиндагии мардуми Шарк ва муборизаи он чо дар рохи озоди диккат медиханд. Шаркшиносони совети мустамликадори ва тарзхои истисмори вахшиёнаи пешгирифтаи онро мазаммат мекунанд, решахои таърихии дустии халкхои гуногуни Шарк, таърихи гузаштаи он хо, иктисодиёт, сиёсат, адабиёт, забони онхоро меомузанд, хиссаи ононро дар тамаддуни чахони таъин менамоянд.

Шаркшиносии точик, ки дар с-хои 20 ташаккул ёфтааст, манбаъхо, роху равиши хос дошт. Аз як тараф, он бар анъанахои илмии мутараккии Шарк, ки таърихи тулони дошт, такя мекард, аз тарафи дигар, бар методологияи маркистию ленинии хоси тамоми Шаркшиносии совети асос ёфта буд. Асосгузорони Шаркшиносии советии точик С. Айни, В. В. Бартольд, С. Ф. Ольденбург ва диг. ба шумор мераванд. Дар инкишофи сохахои гуногуни Шаркшиносии точик хиссаи Б. Г. Гафуров, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Мирзоев, М. С. Осими, А. М. Баховаддинов, Б. И. Искандаров ва диг. зиёд аст. Масъалахои Шаркшиноси дар Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Точикистон, фак-тхои забонхои Шарк, филологияи точик в а таърихи УДТ, Ин-ти забон ва адабиёти АФ РСС Точикистон, Ин-ти таърихи АФ РСС Точикистон, Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Точикистон, Ин-тхои давлатии педагоги омухта мешаванд. Шаркшиносони точик ба омузиши адабиёти муосири Эрон, забону адабиёт ва таърихи Афгонистон, забону адабиёт ва таърихи мамлакатхои Араб, забонхо ва адабиёти Хинду Покистон машгуланд. Онхо инчунин таърихи адабиёти классикии форс-точик, афкори адабиётшиноси ва эстетикии форс-точикро тадкик менамоянд, равобити адабии халкхои Шарку Гарб, сахми европоиёнро дар баррасии адабиёти Шарк меомузанд, матнхои илмиву оммавии осори классикони адабиёти форс-точикро дастраси умум мекунанд. Як гурух шаркшиносони точик ба омузиши дастхатхои шарки ва мураттаб кардани фехристи Ганчинаи дастнависхои Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Точикистон машгуланд. Шаркшиносони точик бо муассисахои Шаркшиносии Москва, Ленинград ва республикахои иттифоки, инчунин бо марказхои Шаркшиносии Афгонистон, Покистон, Хиндустон ва г. хамкори ва робитаи илмиву фарханги доранд. Як катор асархои шаркшиносони точик дар Эрон ва Покистон нашр шудаанд. 10 февр. 1983 дар АФ РСС Точикистон Шуъбаи точикистонии Анчумани ховаршиносони умумииттифок ташкил карда шуд, ки 194 наф. узв дорад (1987).

Ад.: Бартольд В. В., История изучения Востока в Европе в России, дар кит.: Соч., т. IX, М., 1977; Очерки по истории русского востоковедения, мачмуахои 1—в, М., 1953—63; Кулагина Л. М.. Кузнецова Н. А., Из истории советского востоковедения. 1917—1967, М. 1970; Брагинский И. С., Проблемы востоковедения, М., 1974; Становление советского востоковедения (Сборник статей), М., 1983; Формирование гуманистических традиций отечественного востоковедения (до 1917 года), М.. 1984.

А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …