Маълумоти охирин

САРКАШ

САРКАШ (557—632), хофиз, машшок, бастакор ва шоири давраи Сосониён. Муаррихони эрони уро бо номи Чахрами ёд кардаанд, муаррихони арман Саркашро Саргис ва муаррихони Юнон Саргиюс номидаанд. Бино ба маълумоти Саъолиби, Гардези, Фирдавси у аслан аз Чахрам буда, то ба дарбори Хусрави Парвиз омадани Борбад рохбарии санъаткорони дарборро ба ухда доштааст. Саркаш дар сарояндаги, навозандаги ва шеъргуи сохибхунари замони худ низ будааст. Саркаш силсилаи таронаву охангхо: «Саркаш», «Машквех», «Шовард», «Кисро» (Хусрав), «Сарандоз», «Шишам», «Хусравманих» (Хусравнома), «Гурдони» ва гайра тасниф кардааст. Фирдавси дар бобхои чудогонаи «Шохнома», Низомии Ганчави дар «Хусрав ва Ширин» хунарварии Саркаш ва таснифоти мусикии уро бо сами- мият ба калам додаанд. Манучехри, Фаррухи ва дигар низ дар касоиду газалиёти худ санъати баланди Саркаш ва таснифоти мусикиашро тавсиф кардаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.