Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРИХОНОВ Нурмурод

САРИХОНОВ Нурмурод

САРИХОНОВ Нурмурод (1906, дехаи Куктеппа, хозира райони Бахор-ордени Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон— дар фронт 4. 5. 1944. дар назди дехаи Делакеу, хозира райони Новоанени Республикаи Советии Сотсиалистии Молдавия халок гаштааст), нависандаи советии туркман. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—1945). Солхои 1921—26 ходими редаксияи газетаи «Туркманистон». Соли 1929 мухаррири газетаи «Яш коммунист» («Коммунисти чавон»). Аз охири соли 1929 то 1937 журналисти харби. Солхои 1937—1941 дар газетахо ва журнали «Совет эдебияти» («Адабиёти совети») кор кардааст. Сарихонов аз аввали солхои 30 ба эчоди хикояхо шуруъ кард. Вале у бештар бо асархои солхои 1938—1939 офаридааш — «Хонаи сафед», «Кулбаи охирин», «Орзу», «Ишк», «Китоб» ва повести хурди «Шукурбахши» (1941) шухрат пайдо намуд. Солхои чанг хикояхои «Кисмат», «Модар» ва повести Сарихонов «Ба рушнои расидагон» нашр шудаанд. Сарихонов асосгузори жанри новелла дар адабиёти туркман. Мавзуи асосии эчодиёташ вокеияти сотсиалисти ва дигаргунихои хаёти халки туркман мебошад. Дар осори Сарихонов эхтироми баланд доштанаш нисбат ба мероси ма- дании гузаштаи халк хис карда мешавад. Сарихонов аз анъанахои эчодиёти халк ва санъати новелланависии муосир мохирона истифода кардааст. Дар эчодиёти Сарихонов таъсири осори намояндагони адабиёти классикии рус — Лев Николаевич Толстой, Максим Горкий. махсусан Антон Павлович Чехов ба назар мерасад. Хикояи Сарихонов «Китоб» ба точики тарчума шудааст.
Основание: Последняя кибитка, Москва. 1961; Повести и рассказы, Ашхабад. 1967.
Адабиёт: Кулиева Г. А., Нурмурат Сарыханов — новеллист, Ашхабад, 1967.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.