Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРДОБА

САРДОБА

САРДОБА, хавзи гунбазпушест барои захира кардан ва серун нигох доштани оби барфу борон, нахру чун ва обхои зеризамини. Девори Сардоба шакли мудаввар дошта, диаметраш 12— 17 метр, чукуриаш 10—16 метр мешавад. Гупбази Сардоба аз хишти пухта сохта шуда, равзана дорад. Тавассути новачахо ва суроххои атрофи Сардоба дар хавз об чамъ мешавад. Ба Сардоба дари даромад низ мегузоштанд. Дар назди Сардоба барои об додани чорво охурчахои махсус месохтанд, ки ба он тавассути тарновхо об чори мешуд. Баъзан дар назди Сардоба барои посбони хавз хонаи махсус месохтанд. Во- баста ба мавкеи географи, релеф ва табиати мавзеъ Сардоба хар хел сохта мешуд. Хангоми сохтани Сардобахое, ки аз оби барфу борон пур мешуданд, ба интихоби чой ахамияти калон медоданд. Аз руи маълумоти таърихи дар Мовароуннахр 44 Сардоба вучуд доштааст (Сардобаи Санги Сувлок, Сардобаи Работи Малик ва гайра). Аз онхо 29-тоаш дар чули Карши, 3-тоаш дар Мирзочул, 3-тоаш дар кади рохи кадимаи савдои Тошкент, Фаргона, 1-тоаш дар наздикии Кармина — Чули Малик (дехаи Работи Малик) чойгир будааст. Сардоба аз замонхои кадим барои аз об таъмин кардани чорво ва корвонхои савдогарон роли калон мебозид. Дар чулу биёбонхои Осиёи Миёна аз Сардоба холо хам истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.