Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРАТОН

САРАТОН

САРАТОН (харчанг), чангор, хазорреша, реши равон, боди хура, бодхура, омоси бадзоти бофтахои эпители, яке аз беморихои хавфнок ва душвортабобат. Саратон аз кадимулайём маълум аст. Дар бораи чаррохии омоси Саратон (асосан омоси Саратони руи пуст) аз давраи то милод маълумот мавчуданд. «Ал Конун»-и Ибни Сино хам аз хусуси Саратони чигар, рудахои гафс ва рост бахс мекунад. Саратон дар хамаи узву бофтахое, ки хучайрахои эпители доранд (халкум, меъда, шуш, сурхруда, гурда, пуст ва гайра) инкишоф ёфта мета- вонад.

bemor

Хучайрахои Саратон аз хучайрахои дигар бо хусусиятхои ситогенези (митози нодуруст, ихтилоли кариотип), иммунологи, биохимияви (тагйири микдору таркиби КДН — кислотаи дезоксирибонуклеат ва КРН — кислотаи рибонуклеат), электронию микроскопи (кам шудани микдор ва содда гардидани сохти митохондрияхо, ихтилоли кори мембрана) ва гайра фарк мекунад. Омоси Саратон зохиран занбуругшакл, харчангмонанд ва гайра мешавад. Саратон баъзан дар кабати бофтахо ноаён инкишоф меёбад. Омоси Саратон аксар вакт тока мешавад ва мисли дигар омосхои бадзот бофтахои гирду атрофро вайрон карда, ба узву бофтахои дигар реша меронад. Оид ба пайдоиши Саратон назарияи ягонаи кобили эътирофи умум вучуд надорад. Хамаи он сабабхоеро, ки боиси омос мегарданд, ба Саратон низ нисбат додан мумкин аст. Саратон ногахон руй намедихад, барои инкишофи он чандин беморихои музмин, чун захми пуст, реши меъда ва гарданаи бачадон, полипхо, лейкоплакияи пардахои луобию пуст ва гайра заминаи мусоид мебошанд. Аломатхои клиникии Саратон гуногун буда, ба синну соли бемор, чойгиршавию дарачаи пахншавии он ва гайра вобастаанд. Бемори ноаён огоз меёбад, минбаъд бемор хароб ва тез-тез монда мешавад, аз иштихо мемонад, месулфад, аз рохи пешоб ва макъад хун меравад. Мувофики маълумоти статистики хар сол дар дунё ба хисоби миёна аз хар 100 хазор кас 135—140 кас ба Саратон гирифтор мешаванд. Бемо- ри вобаста ба синну сол меафзояд. Масалан„ агар дар байни 100 хазор одамони то 30-оола 7—8 бемороли Саратон бошанд, дар байни одамони 40—49-сола шумораи онхо ба 188 мерасад ва аз 60-сола боло 4 баробар зиёдтар мешавад. Инчунин муайян карда шудааст, ки дар мамлакатхои мухталиф дар байни миллат ва халкхои гуногун дарачаи бо Саратон гирифтор шудан он хар хел аст. Масалан, японхо нисбат ба европоихо ба Саратони меъда бештар гирифтор мешаванд. Саратони гадуди шир) бошад, дар занхои европои нисбат ба занхои Осиё зиёдтар пахн шудааст. Халкхои арзи чануби ба Саратони пуст бисёртар гирифтор мешаванд. Доир ба ташхис, пешгири ва муоличаи Саратон нигаред, Омосхо.
Адабиёт: Успехи в изучении рака, том 1—10, Москва., 1955—1971; Шабад Л. М., 0 циркуляции канцерогенов в окружающей среде, Москва., 1973; Р о ж к о в А. Т., Рака могло не быть, Москва, 1975.
Н. Шодмонхочаев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …