Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САРАКОТ ИСЛОМ

САРАКОТ ИСЛОМ

САРАКОТ ИСЛОМ, шарикоти исломи, яке аз аввалин ташкилотхои оммавии сиёсии Индонезия. Соли 1912 баъди пароканда шудани Иттифоки точирони мусулмон (таъсисаш 1911) ба вучуд омада, дар муборизаи зидди капитали хоричи (асосан голланди) манфиати буржуазияи ташаккулёфтаистодаи тичорати ва молиявии Индонезияро ифода мекард. Дар шароити Индонезиди мустамликави оммаи халк шиори Саракот ислом— муттахид намудани хамаи мусулмононро (аксарияти ахолиро ташкил медоданд) хамчун шиори мубориза барои муттахидии тамоми халки Индонезия дар муборизаи зидди империализм хисобид. Владимир Илич Ленин соли 1913 дар маколаи «Бедоршавии Осиё» кайд карда буд, ки харакати револютсионию демократи чазираи Яваро низ фаро гирифтааст. Чорикунандагони ин харакати демократи оммаи халк буда, дар байни онхо тахти байраки ислом, харакати миллатчиги сар шудааст. (Асархо чилди 19, сахифаи 69—70). Саракот ислом дар солхои Чанги якуми чахони (1914— 18) ва хусусан баъди галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия ба ташкилоти хакикатан оммавии револютсионию демократи табдил ёфт. Соли1919 шумораи аъзоёни он ба 2,5 миллион нафар расид. Саракот ислом дар ин давра муборизаро зидди хукмронии Голландия пурзур карда, буржуазияи милли, синфи коргар, дехконон ва буржуазияи хурди шахрро дар бло- ки зиддиимпериадисти муттахид намуд. Кушиши каноти рост, ки ме- хост дар Саракот ислом мавкеи рохбарикунандаро сохиб шавад, соли 1923 дар байни аъзоёни он чудои ба амал овард. Партияи Коммунистии Индонезия тавонист як катор сексияхои Саракот исломро, ки манфиати дехконони камзамин, хунармандон ва камбагалони шахрро ифода мекарданд, ба тарафи худ чалб намояд. Ин сексияхо худро Саракот исломи сурх, соли 1924 бошад, Саракот раият (Иттифоки халк) номиданд. Як кисми аъзоёни Саракот ислом тахти рохбарии буржуазия партияи буржуази — Партияи Саракот ислом (Партияи Иттифоки ислом)-ро ташкил карданд, ки аз соли 1929 Партияи Иттифоки исломи Индонезия номида мешавад. Ин партия ва боз се партияи дигари исломи соли 1973 дар як Партияи Иттиход ва таракки муттахид шуданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …