Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФ Шариф

ШАРАФ Шариф

ШАРАФ Шариф (тав. 15. 5. 1927, дехаи Шайдони pаёни Восеъ, вил. Кулоб), мутарчими советии точик. Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Точикистон (1987). Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз с. 1962. Омузишгохи педагогии Кулоб (1945) ва Ин-ти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро тамом кард (1950). Мухаррири Нашриёти давлатии Точикистон (1952—62), мудири шуъбаи тарчумаи адабиёти бадеи (1962—75), муовини сармухаррари нашриёти «Ирфон» таъин шуд (1975—78), мудири шуъбаи адабиёти бадеи (1962-75), муовини сармухаррири нашриёти «Ирфон» таъин шуд.  (1979—87). Аз с. 1987 мудири шуъбаи нашриёти «Адиб». Мухимтарин тарчумахояш инхоянд: Л. Толстой «Хикояхо барои кудакон» (1955), Д. Пантелеев «Пакет» (1957), Г. Мало «Бепарастор» (1958), Д. Гринвуд «Саргузашти Чим (1959), Г. Мустафин «Пас аз туфов» (1965), Мулк Роч Ананд «Киссаи як зани хинду» (1965), Майи Рид «Савораи бесар» (1975), К. Симонов «Зиндахо ва мурдахо» к. 1 1978), А. Конан-Дойл «Хйкояхо дар бораи Шерлок Холмс» (1982), Э. Базен «Оташи оташнишон» (1983), Ю. Семенов «Хабдах лахзаи бахор» (1984), В. Распутин «Зинда бошу фаромуш макун» (1986) ва г. Аз с. 1971 узви ИН СССР. Бо медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.