Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАПОШНИКОВ Борис Михайлович

ШАПОШНИКОВ Борис Михайлович

shaposhkin-b

ШАПОШНИКОВ Борис Михайлович (2. 10. 1882, ш. Златоуст, хозира вил. Челябинск —26. 3.1945, Москва), Маршали Иттифоки Совети (1940). Аъзои КПСС аз с. 1930. Иштирокчии Чанги якуми чахони. Майи 1918 ихтиёри ба Армияи Сурх дохил шуда, вазифахои мухталифи штабиро дар Совети олии харби ва Комиссариати халкии харбии бахрии Украина ичро кард. Аз авг. 1919 сардори шуъбаи разведка, аз окт. 1919 сардори Управлениям оперативии Штаби сахроии Совети харбии революционнии Республика. Баъди чанги граждани с-хои 1921—25 ёрдамчии 1-уми capдори Штаби Армияи Сурхи Коргару Дехкон, с-хои 1925—28 фармондехи кушунхои округхои харбии Ленинград ва Москва. С-хои 1928—31 сардори Штаби Армияи Сурхи Коргару Дехкон, 1931—32 фармондехи кушунхои Округи харбии Приволжия, 1932—35 сардор ва комиссари харбии Академияи Харбии ба номи М. Ф. Фрунзе, 1935—37 фармондехи кушунхои Округи харбии Ленинград. Солхои 1937—40 сардори Штаби генерали ва чонишини Комиссари халкии мудофиа. Солхои Чанги Бузурги Ватании 1941—45 сардори Штаби Генерали, чонишини Комиссари халкии мудофиа, сардори Академияи олии харбии ба номи К. Е. Ворошилов. Аъзои КИМ (даъвати 7), депутати Совети Олии СССР (даъвати 1); номзад ба аъзогии КМ ВКП(б) аз с. 1939. Бо ордени Ленин, 2 ордени Байраки Сурх, ордени Суворов (дарачаи 1), 2 ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст. Курси олии тирандозии тактикии «Выстрел» номи Шапкинро гирифтааст. Дар Майдони Сурхи назди девори Кремль дафн шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.