Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАПКИН Тимофей Тимофеевич

ШАПКИН Тимофей Тимофеевич

shapkin-t

ШАПКИН Тимофей Тимофеевич (5. 3. 1885, Хутори Семимаячный, станицаи верхнекондрученский хозира вил. Ростов—22. 3. 1943, Ростови Дон), лашкаркаши совети, генерал-лейтенант (1940). Аз оилаи казаки Дон. Аъзои Партияи Коммунисти аз с. 1938. С. 1922 курсхои олии Академия, 1935 Академияи Харбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм кард. С-хои 1922—24 фармондехи дивизияи савора, баъдтар инспектори Армияи савораи Округи харбии Сибири Гарби. Аз с. 1926 командири Бригадаи 7-уми махсуси савораи Туркистон дар Точикистон (с. 1932 ба Дивизияи 20-уми савора табдил гардид). Иштирокчии фаъоли несту нобуд кардани дастахои босмачиёни Фузайл Махсум ва Иброхимбек (1931). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Бо 4 ордени Байраки Сурх ва ордени Кутузов (дарачаи 2) мукофотонида шудааст.

А. Я. Вишневский.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.