Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ

САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ

САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ, яке аз навъхои эчоди бадеи, ороиши дастхатхо. Санъати ороиши китоб— махсули ранчи кол- лективонаи когазрезон, хушнависон, наккошон, музоххнбон, акссозон, афшонгарон, рангомезон, саххофон ва дигар хунарварони асрхои миёна. Дар мехнати якчояи устодони ин хунархои шево, ки хар яке вазифа ва мавкеи хос дошт, пайдархамь ва хамкории муайяне дида мешавад. Дар асрхои 15—16 барои китобат бештар когазхои аълосифати Самарканду Бухоро (абрешими ва нимкатонь) истифода мешуд. Барои суфтаву чилодор шудан когазро охар медоданд (баъзан барои хушбу шудани аврок онро дар махлули гулоб нигох ме- доштанд).

books

Дар тайёр кардани нусхахо хушнавис (хаттот ё котиб) мав- кеи аввалиндарача дошт. Вай мебоист дар усули хафи ва чали махорат дошта, камаш бо се навъи хат—насх, настаълик ва сулс хуб менавишт, ки мувофикан барои китобати сурахои Куръон, хадисхо, матнхои му- каррари, инчунин барои навиштани унвон ва фаслу бобхо зарур буд. Асбоби китобати вай сиёхи, калам, мистар, каламтарош ва каламкатъ буда, хама дар каламдон нигох дошта мешуд. Хушнавис дар айни за- мон сюжетеро интихоб карда, барои мусавварахо чой мегузошт. Вакте ки нусха бо хати зебои хушнавис китобат мешуд, вай ба дасти лаввох мегузашт ва у тамоми матнро ба дохили чоркунчае мегирифт, ки он чадвал номида шуда, одатан бо хати сурх, баъзан бо рангхои кабуд ё гилоби оро меёфт. Лаввох инчунин сарлавха ва унвони нусха, номи фаслу бобхо, хошия ва хотимаи онро меорост. Дар аввали китоб лаввох барои унвон ё сарлавха чой мегузошт, ки он бештар бо зархал ё рангхои дигар навишта мешуд. Намунаи олии ороиши унвон ва хо- шия нусхаи «Силсилат уз-захаб»-и Абдуррахмони Чоми (китобаташ соли 1549, дар Китобхонаи давлатии оммавии Ленинград ба номи М. Б. Салтыков-Щедрин), «Тамхидот»-и Айнулкузот (соли 1479, дар хамон китобхона) ва «Хамса»-и Низоми (1543, дар Музеи Британия, Лондон) ба хисоб меравад. Баъди лаввох мусаввир ё наккош дар чойхои холии асар бо мукалами борик аввал тархи мусаввараро мекашид, ки он устухон ном дошт. Баъд бо ёрии калами нозук бо зархал ва дигар рангхо мусаввараро ба анчом мерасонд. Вай инчунин дар хошия хар гуна расмхои зебову боназокати хайвоноту паррандахо ва набототро мекашид. Ороиши китоб бо кори саххоф ё муковасоз ба анчом мерасид. Саххоф нусхаро аввал чузъбанди мекард, баъд ба он мукова месохт. Когази хоссаи муковасозиро магзи меномиданд. Ба руи магзи чарми хамадони мекашиданд ва онро пеш аз хушк шуданаш накшбанди мекарданд. Бехтарин намунаи ин гуна муковаро дар нусхаи «Сокинома»-и Санои (асри 15), ки дар Китобхонаи давлатии оммавии Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон махфуз аст, дидан мумкин аст. Санъати ороиши китоби асрхои миёна дар натичаи инкишофи минбаъдаи китобчопкуни, санъати полиграфи ва нашри оммавии китобхо мавкеи худро аз даст дод. Нигаред, низ Китоб, Лаввохи, Хаттоти, Чопхонафои тореволютсионии Осиёи Миёна. Э. Окилов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …