Маълумоти охирин

САНЪАТИ КИНО

САНЪАТИ КИНО, як навъ санъатест, ки асархояш бо рохи ба филм бардоштани вокеахои реалии хаёт, инсенировкаи онхо ё фоида бурдан аз воситахои мултипликатсия офарида мешавад. Санъати кино дар асоси ихтирооти техники ба вучуд омада, тачрибаи дигар навъхои санъат (адабиёт, театр, мусики, санъати тасвири)- ро истифода мебарад ва аз ин ру, киноро санъати синтетики мегуянд. Санъати кино дар айни замон воситахои ифодаи худро дорад, ки онхо имконият медиханд, хаёт бо образхои бадеи, аёни ва зинда аз нав инъикос шавад. Асари санъати кино — филм махсули эчодии якчояи санъаткорони гуногун (кинодраматург, режиссёр, актёр, оператор, рассом, бастакор ва гайра) мебошад. Хар як фильм дар ду чараён — эчоди ва истехсоли офарида мешавад. Чараёни эчоди халли масъалахои гояви, хаёти, бадеи ва образнокии филми ояндаро дар бар мегирад. Кинодраматург мавзуи дар хаёт дида ва омухтаашро ба шакли сенария иншо мекунад; режиссёри тахиягар таносуби ягонаи хакикатнигори ва боварибахши хамаи чузъхои бадеи ва тасвирии филмро мечуяд; оператори филмбардор композитсияи тасвирии кадру сахнахоро муайян менамояд; рассом тархи декоратсия, сарулибос, чои филмбардориро ба руи когаз меорад; бастакор мусики ва сурудхои филмро тасниф мекунад; актёр дунёи маънави, эхсосот ва тафаккури онро мекушояд. Чараёни истехсоли филм бошад, ташкили гурухи банаворгири, таъмини тачхизоти техники, давраи банаворгири, коркарди лаборатори ва ба намоиш тайёр кардани филмро дар бар мегирад.

kino

Кино воситаи мухими таргибу тарбия, пахн намудани дониш, фикру гояхои пешкадами чамъияти мебошад. Ха-мин чихати киноро ба назар гирифта, Владимир Илич Ленин гуфтааст: «… аз хамаи санъатхо барои мо мухимтаринаш киност». Таърихан 4 намуди асосии кино шакл гирифтааст: бадеи, хуччати, мултипликатсиони ва илми-оммави. Филми бадеи бо адабиёту театр каробат дошта, аз имкониятхои эпос, лирика ва драма бахраманд мешавад. Дар кинои хуччати унсурхои публисистика мавкеи намоён дошта, образ бевосита аз материали хаёт ба навор гирифта мешавад ва тавассути монтажи кадрхо, тачассуми тасвири ва маънидодкунин онхо дар матн рабту равиши муайяне хосил мекунад. Образхои филми мултипликатсиони ба истифодаи графика ва лухтак асос ёфта, дар на- тичаи ба навор гирифтапи фазахои алохидаи бехаракат ва бо суръати муайян монтаж намуда, намоиш додани он фазахо офарида мешавад. Дар филмхои илми-оммави ва таълими усул ва воситахои тасвиру ифодаи хар се намуди кино васеъ истифода мешаванд. Кинематогра- фия дар солхои 90 асри 19 ба вучуд омад. Асоси онро воситахои техни- кие ташкил доданд, ки ба туфайли бозёфтхои илми дар сохаи оптика, химия ва механика ихтироъ гардидаанд. Таърихи инкишофи Санъати кино шартан ба 4 давра таксим мешавад. Давраи 1-ум аз вакти ихтирои кинематограф (бо саъйи бародарон Л. ва О. Люмерхо, 1895) то охири Чанги якуми чахони (1914—18.). Аввал кино чун аттраксион буда, сеансхо 20— 40 дакика давом мекарданд ва дар онхо мачмуи филмхои хурд намоиш дода мешуданд. Кино дар дасти сармоядорон воситаи сарват буд. Пешоханги кинои франсави Ж. Мелес дар филмхояш («Золушка», 1899, «Саёхат ба Мох», 1902, «Хокимияти фариштахо», 1903 ва гайра) бори аввал усули трюкро истифода бурд. Солхои 1908—10 нишонахои Санъати кино— бадеият, образноки, хунари бозингари, режиссура, маънидоди кадру композитсияи филм ва гайра пайдо шуда, кино ба олами адабиёт ва театр рох меёбад. Дар филмхои студияи франсавии «Филм д’Ар» [масалан, «Кушта шудани Герсог Гиза», режиссёр А. Калметт) хамкории нависандагон, драматургон ва актёрон бештар зухур ёфта буд. Фаъолияти актёри мазхакавии франсави М. Линдер (1883—1925) хамон солхо чараён гирифта буд. Дар солхон Чанги якуми чахони дар Америка маркази азими кино — Голливуд таъсис ёфта, М. Сеннетт, Т. Инс, Д. Гриффит барин кинорежиссёрхо дар таърихи кино макоми намоён пайдо наму- данд. Актёр ва режиссёри машхур Чарли Чаплин дар филмхояш «Кучак» (1921), «Зиёратгар» (1922), «Васвасаи тилло» (1925), «Сирк» (1928) ва гайра тавассути ханда чамъиятя буржуазиро хачв карда, гояхои гуманистиро таргиб менамуд. Кинематография дар Россия низ интишор ёфт. Аввалин филми бадеии рус— «Озодихохе аз поёноб» (1908, режиссёр А. Дранков) лахзахои хаёти сарвари исёни халки Степан Разинро тасвир мекард. Дар тараккиёти кинои рус хизмати кинорежиссёрхо Б. Бауер, Я. Протзанов, актёрхо В. Холодная ва И. Мозжухин, пешоханги мултипликатсияи рус. В. Старевич ва дигар калон аст. Давраи 2-юми инкишофи Санъати кино солхои 20— давраи ба санъатя мустакил табдил ёфтани кинои беовозро дар бар мегирад. Дар ташаккул ва инкишофи Санъати кинои ин давра хиссаи кинематографияи совети хеле калон аст.
Таърихи кинои совети бо имзо гардидани декрети махсус аз тарафи Владимир Илич Ленин (27 августи 1919) дар бораи милли гардондани кинематография сар шудааст. Бо филмхои хуччатии оператор ва режиссёр Д. Вертов «Кадам зан, Совет» (1926), «Дар шашяки чахон» (1926), филмхои бадеии кинорежиссёрхо Л. Кулешов — «Саргузаштхои ачоиби мистер Вест дар мамлакати болшевикхо» (1924), С. Эйзенштейн —«Корпартои» 1925), «Киштии зирехпуши «Потёмкин» (1925), «Октябр» (1928); В. Пудовкин—*Модар» (1926), «Заволи Санкт-Петербург» (1927); Л. Довженко — «Арсенал» ‘ (1929), «Замин» (1930), Н. М. Шенгелая — «Элисо» (1928) ва дигархо асоси кинои револютсионии совети гузошта шуд. Асархои ин классикон Санъати киноро на танхо аз чихати маъниву сифаташ ба пояи нав бардоштанд, балки назарияи ин санъатро низ пеш бурданд. Дар солхои 20 дар кинои франсави чараёни «авангард» таъсис ёфт, ин рухияи зиддибуржуази дошта, ба он Л. Деллюк, Ж. Энштейн, Ж. Дюлак ва дигар дохил мешуданд. Режиссёрони реалисти франсави А. Ганс. Ж. Ренуар, Р. Клер, Ж. Фейдер фаъолияти эчодиашонро аз хамин чараён огоз кардаанд. Дар Германия филмхои экспрессионисти (режиссёрон Р. Вине, П. Лени ва дигар) ва реалистии рухияи демократи дошта режиссёрон Ф. Мурнау, К. Грюне, Г. Пабст) ба вучуд омаданд. Дар Штатхои Муттахидаи Америка Голливуд ба дасти сармоядорон гузашта, дар он асосан истехсоли филмхои таргибкунандаи ахлоки буржуази ба рох монда шуд. Инчунин филм-хои ичтимоию танкидии режиссёрон Чарли Чаплин, Э. Штрогейм ва К. Видор шухрат ёфтанд. Давраи 3-юм солхои 30— нимаи аввали солхои 40-ро дар бар мегирад. Дар ин давра кино воситаи тавонои ифодаи фикру хиссиёт — овозро сохиб мешавад. Солхои 30 кинои овоздори совети комёбихои нави эчоди ба даст овард. Филмхои таърихию револютсиони («Чапаев», 1934, режиссёрон Г. ва С. Василев-хо; трилогия дар бораи Максим, 1935 —39, режиссёрон Г. Козинцев ва Л. Трауберг; «Мо аз Кронштадт», 1936, режиссёр Е. Дзиган; «Щорс», 1939, режиссёр А. Довженко), филмхо дар бораи Владимир Илич Ленин («Ленин дар Октябр», «Ленин дар соли 1918», 1937—1939, режиссёр М. Ромм; «Одами милтикдор», 1938, режиссёр С. Юткевич), филмхои мазхакавии Г. Александров ва И. Пырев ва дигар кинои советиро ба зинахои нав бардоштанд. Дар хамин давра дар Франсия Санъати кино бештар сифатхои реалисти пайдо мекунад («Бозии калон», 1934, режиссёр Ж. Фейдер; «Сохили туманхо» 1938, режиссёр М. Карне; «Хаёли бузург», 1937, режиссёр Ж. Ренуар); дар Англия кинои хуччати таракки карда (гурухи Ч. Грирсон), дар Германия кино ба аслихаи пропагандаи фашисти мубаддал мегардад. Дар Голливуд (Штатхои Муттахидаи Америка) филмхои мусики ва таърихи, филмхои «дахшат» бештар истехсол мешаванд. Баъзе кинорожиссёрхои америкой — Ч. Чаплин («Замонхои нав», 1935; «Диктатори бузург», 1941), V. Уайлер, К. Видор ва дигар филмхои ба-ландгояи реалисти меофаранд. Давраи 4-уми инкишофи Санъати кино дар мамлакатхои гуногун аз нимаи дуюми солхои 40— нимаи якуми солхои 50 огоз сфтааст. Ин давра бо пешравию бозёфтхои Санъати кинои миллии мамлакатхои лагери сотсиализм ва бисёр мамлакатхои сохибихтиёри Африка, Осиё ва Америкаи Лотини характернок аст. Пас аз Чанги дуюми чахони дар Санъати кино майлу равияхои нави эчоди падид омаданд. Дар Италия неореализм («Рим — шахри бедарвоза», 1945, режиссёр Р. Росселлини; «Замин меларзад», 1948, режиссёр Л. Висконти), дар Франция «мавчи нав» («Хиросима, мухаббати ман», 1959 режиссёр А. Рене), дар ШМА ва Японпя кинои «мустакнл» (филмхон С. Крамер, С. Кубрик, Р. Перри; А. Куросава, С. Ямамото) нашъунамо ёфтанд. Дар Хиндустон, Эрон, Туркия, мамлакатхои араб бозёфтхои кинои милли мушохида мешуданд. Солхои 50—60 давраи нави икишофи Санъати кинои совети огоз ёфт. Куввахои нави эчоди ба майдон омада, филмхо шаклан ва мазмунан ганитар гардиданд. Кинематографистон ба мав-зуъхои револютсия, чанг ва хаёти муосир ру оварда, таваччухи худро на ба тафсили вокеахо, балки бештар ба тахкики бадеию фалсафии хаёт, олами эхсосот ва андешахои кахрамон равона сохтанд. Филмхои М. Калатозов («Парвози турнахо», 1957), Ю. Райзман («Коммунист», 1959; «Хамзамони ту», 1967), М. Ромм («Нух рузи як сол», 1962), С. Бон-дарчук («Кисмати инсон», 1959). Г. Чухрай («Киссаи аскар», 1959; «Ос-мони соф, 1962) ва гайра аз хамин кабиланд. Ба экран баровардани асархои классикон кувват гирифт («Хамлет», 1964, режиссёр Г. Козинцев; «Чанг ва сулх», 1966—67, режиссёр С. Бондарчук), кинои бачагона ва мултипликасияи совети (филмхои А. Птушко, Ф. Хитрук ва дигар) таракки кард. Санъати кино дар республикахои милли низ ташаккул ёфт. Филмхои узбекии «Алишер Навои», трилогияи «Туфон дар Осиё» (1948, 1967, режиссёр К. Ерматов), «Ту ятим нести», «Тошкент — шахри нон» (1963, 1967, режиссёр Ш. Аббосов), киргизии «Салтанат» (1955, режиссёр В. Пронин), «Муаллими нахустин» (1965, режиссёр А. Михалков-Кончаловский), гурчии «Падари аскар» (1965, режиссёр Р. Чхеидзе), литвонии «Хеч кас мурдан намехост (1966, режиссёр В. Жалакявичус ва гайра) ба тараккиёти кинои сермиллати совети сахми калоне гузоштанд. Кинои точик кисми чудонашавандаи Санъати кинои советист. Аввалин киножурналхои «Точикистони совети»-ро В, Куанн, А. Шович ва И. Гезуллин ба навор гирифтаанд. Бо карори ЦИК ва Совнаркоми республика аз 30 апрелп 1930 трести «Точиккино» таъсис ёфт. Равияи асосии кинопублисистикаи солхои 30 «агитпропфилм» буд, ки он вокеияти нави сотсиалистиро таргиб менамуд («Аз пахта то газвор», «Аз омоч ба плуг», «Кирми тиллои» ва гайра). Филми хуччати-бадеии нахустин кинорежиссёри миллии то-чик К. Ёрматов «Хукуки фахри» (1932) ба офаридани филмхои бадеи замина мухайё кард. Дар филмхои «Вакти халокати амирон» (1932, ре-жиссёр Л. Печорина), «Мухочир» (1934, режиссёр К. Ёрматов) мубо-ризаи синфи ва психологияи дехкони миёнахол инъикос ёфтаанд. Сохтмони хаёти нави сотсиалисти мавзуи аввалин филмхои овоздори точик — «Бог» (1938, режиссёр Н. Достал), «Дустон аз нав вомехуранд» (1939, режиссёр К. Ёрматов) гардид. Филми «Фарзанди Точикистон» (1942, ,режиссёр В. Пронин) дустии дар фронт обутобёфтаи халки русу точикро тасвир мекунад. Солхои баъди чанг кинои хуччати таракки кард («Точикистон», «Точикистони Совети», 1946, 1951, режиссёр Б. Кимёгаров). Филми «Дохунда» (1956, режиссёр Б. Кимёгаров) мархалаи наво дар тараккиёти кинои бадеии точик гардид. Минбаъд дар мавзуъхои таърихи ва таърихи-револютсиони («Кисмати шоир», 1959, режиссёр Б. Кимёгаров; «Бачагони Помир», 1963, режиссёр В. Мотыл; «Марги судхур», 1966, режиссёр Т. Собиров), тасвири хаёти муосир — озодии маънавии зани точик («Зумрад», 1962, режиссёр А. Рахимов, А. Давидсон) ва офаридани филмхои мазхакави («Ман бо духтаре вохурдам», 1957, режиссёр Р. Перелштейн) кинематографистони точик комёбихо ба даст оварданд. Солхои 60— аввали 70 дар кинои точик як гурух тахиягарони чавон ба кори эчоди шуруъ намуданд, ки ба асархои онхо навовари дар мавзую жанр, чустучуи воситахои нави бадеи хос мебошанд. Дар филмхои М. Орифов («Нисо», 1966), С. Хомидов («Киссаи махбаси Павиак», 1970), М. Косимова («Чурасаркор», 1969), А. Тураев («Духтари сеюм», 1970) характерхои чолиби милли офарида шудаанд. Хаматарафа омухтани таърих ва адабиёти милли сабаби пайдоиши як силсила филмхои таърихи гардид, ки онхо ахамияти актуали пайдо намуданд («Ситорае дар зулмот», 1972, режиссёр А. Рахимов ва И. Усов; асари сегонаи Б. Кимёгаров дар асоси «Шохнома»-и Фирдавси—«Достони Рустам», «Рустам ва Сухроб», 1971, «Достони Сиёвуш», 1976). Дар мавзуъхои интернатсионали низ филмхо офарида шуданд. («Асрори кабила», 1972, режиссёр М. Орифов дар бораи муборизаи халки ёкут барои хаёти нав; «Субхи Ганг», режиссёр Л. Файзиев дар бораи озод- фикрони хинд, ки дарси мактаби муборизаи инкилоби меомузанд). Соли 1969 дар «Точикфилм» сектори филмхои телевизиони таъсис ёфт ва он махсус барои Телевизиони Маркази даххо филм истехсол намуд. Аз онхо махсусан киноромани «Чор нафар аз Чорсанг» (1972, режиссёр М. Косимова), телесериалхои «Хечбудагон хама кас шаванд» (1974—1975 режиссёр Т. Собиров), «Одам ‘пусташро иваз мекунад» (1977—1979, режиссёр Б. Кимёгаров) чолиби диккатанд. Чанде аз асархои кинои точик— «Ба Труковес ки меравад» (1977, режиссёр В. Ахадов), «Ишки аввалини Насриддин» (1977, режиссёр А. Тураев), «Зане аз диёри дур», «Боз, як шаби Шахрзод» (1980, 1984, режиссёр Т. Собиров), «Асрори оила» (1983, режиссёр В. Ахадов) масъалахои ичтимои ва ботини маънавии инсонро тачассум намудаанд. Дар солхои 80-ум насли нави режиссёрони кинои точик — Д. Худоназаров «Субхни нахусти чавони», 1979, «Марди рох», 1982), Б. Содиков («Айёми туманхои зимистон», 1982), Ю. Юсуфов («Чинояткор ва му-хофизон», 1981), О. Тулаев («Ишки ман — инкилоб», 1981), А. Кудуссов («Агар дуст дори…», 1982) ба бозёфтхои тозаи эчоди ноил шуданд. Дар солхои 60— 70 офарандагони кинои хуччатии точик асархое эчод намуданд, ки ба онхо сабки милливу шоирона, маънидодхои фалсафии хаёт, офариниши характерхои реалии инсони хос мебошанд («:Алла», 1966, режиссёр Д. Худоназаров, «Сехрофарин», 1970, режиссёр Е. Кузин, «Кино», 1971, режиссёр В. Эрванс, «Кухтал», 1971 ва «Мавлуда», 1979, режиссёр Б. Содиков ва гайра). Дар филмхои хуччатии солхои охир карзи граждани ва интернатсионалии халки мо, дигаргунихои хаёт ва симои начиби муосирон инъикоси хосаи худро ёфтаанд ‘(«Як каф хоки Ватан», 1968, «Иван-точик», 1973, «Хакикати Инкилоби Савр», 1980, «Ин бахор дар Кобул», 1984, режиссёр Е. Кузин; «Тавлид», 1984, режиссёр Д. Худоназаров, «Хашар», 1972, «Замини бачагон». 1979, режиссёр Е. Кимёгарова, «Муйсафедон», 1979. «Донахои зиндаги», 1982 М. Юсуфова ва гайра).
Адабиёт: Самое важное из всех искусств. Ленин о кино Москва, 1973: Мирзошоев С., Рохи кинои точик, Душанбе, 1’973; А х р ор о в А., Таджикское кино, Душанбе, 1971.
А. Ахроров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …