Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ИБТИДОИ

САНЪАТИ ИБТИДОИ

САНЪАТИ ИБТИДОИ, санъати даврахои кадимтарини инсонист, ки такрибан 30 хазор сол мукаддам, баробари пайдоиши одами типи хозира Ноmо (одами окил) ва пайдоишу инкишофи маданияти археологии давраи охири палеолит ба вучуд омадааст. Бо такомули олоти мехнат диди эстетики ва олами маънавии одами кадим гани гашта, майлу зарурати инъикоси мавчудоту махлукот ва ходисоти олами атроф пайдо шуд. Инсон ба руи санг, устухон, девор ё ягон ашёи сахт, тавассути ранг ва кандакори тасвирот ва накшу ниго- ри содда мекашид.

sanati-ibtido-naksh
Ёдгорихои Санъати ибттидои ба ду гурухи калон чудо мешаванд: 1) Тасвирот ва кандакории девору сакфи магорахо. Накшу нигорхо одатан пешгах ва сакфи магорахоро оро медоданд. Тасвирхо аксар якранга ва харранга буда, одатан релефхои аз лой ё санг сохташуда низ ба ин гурух мансуб буданд. 2) Намунахои хурди санъат, ки онхоро ба накшу нигор ва ороиши бадеи (кандакори дар устухон), инчунин хаккокии руи санг чудо кардан мумкин аст. Аксарияти тасвироти давраи палеолит ба парастиши фаровонхосили ва урфу одати шикорчиён вобаста буд. Санъати палеолит хеле нобаробар интишор ёфтааст. Ёдгорихои санъати ин давра аз Франсия, Испания, Италия, Англия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия, Чехословакия, мамлакатхои Осиё, Африка ва гайра ёфт шудаанд. Намунахои тасвироти магорахо ва кандакории руи устухон бештар дар чануби гарби Франсия ва куххои Пиренеи Испания ба даст омаданд.
Тасвироти магорахои Алтамир (Испапия), Леско, Нио, Се бародарон, Рифиняк (Франсия, Тюк де Идубер, Монтеспан, Лоссел бо хубии релефи худ маълуманд.
Дар дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР дастпонаю хайкалчахои паррандахо (аз Мезинаи Украина), хайкалчахои занона (аз Сибир), аспчахо аз устухон ва дандони мамонт ёфт шуданд. Дар магорахои Капова (Урал) бо рангхои сурх расми мамонту аспро кашидаанд. Дар Осиёи Миёна ба чуз ороишоти руи кайроксангу тушмохихо (магораи Шахта, Соймалитош ва гайра) то хол дигар осори Санъати ибтидои пайдо нашудааст.
Бозёфтхои зиёд шаходат медиханд, ки дар расмхои ин давра асо- сан хайвонот, хусусан асп, бизон, мамонт тасвир ёфта, одамон ба тав- ри рамз кашида шудаанд.
Даврахои минбаъдаи Санъати ибтидои ба инкишофи куввахои истехсолкунанда, такстмоти чамъиятии мехнат дар аввалхои парокандашавии чамоаи ибтидои ва ташаккул ёфтани чамъияти синфи вобаста буд.
Санъати бой ва гуногунранги ибтидои то асрхои 19—20 дар байни халкхое, ки муносибатхои чамоахои ибтидоиро махфуз медоштанд, мавчуд буд (халкхои тахчоии Австралия, Океания, Америкаи Чануби ва Африка).
Адабиёт: Абрамова 3. А., Изображения человека в палеолитическом искусстве Евразии, Москва—Ленинград, 1966; Окладников А. П., Утро искусства, Москава 1967; Мириманов В. Б., Первобытное и традиционное искусство, Москва, 1973.
В. Л. Ранов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …