Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ АКТЕРИ

САНЪАТИ АКТЕРИ

САНЪАТИ АКТЕРИ, 1) дар те а т р, санъати офаридани образхо дар сахна. Инъикоси хаёт дар сахна махз тавассути Санъати актёри ба вукуъ меояд. Ба тамошобинон намоиш додани асари театри нуктаи олии эчодиёти актёр мебошад. Актёр хангоми дар спектакл ролеро ичро намудан ба киёфаи кахрамон модарояд, аз номи у гап мезанад ва амал мекунад.

sanati-aktyori-teatr

Актёри реалист хангоми офаридани характеру хислат ва олами зохирию ботинии кахрамони асар аз воситахои гуногуни санъати актёри — нутк, интонасия, харакату холат, имову ишорат, грим, костюм (баъзан никоб) ва гайра истифода мебарад. Санати актёри аз хунарпеша махорати баланд, тасаввуроти бой, хотираи бокувват, эхсосоти нозук, табъи равон ва дигар сифатхои начибро талаб мекунад. Воситахои Санъати актёри дар хар намуди санъати театр (драма, опера, балет, пантомима) ва жанрхои драматургия (фочиа, мазхака) гуногун мешавад. Санъати актёри дар сахна мазмуни гоявии асарро мекушояд.
Санъати актёри бо унсурхои гуногуни театр, хусусан санъати режиссёри алокаи узви дорад. Зеро режиссёр дар ансамбли умумии спектакли мураккаб барои ёфтани роху равиши хос ба актёрон кумак мерасонад. Санъати актёри якчанд усули эчоди дорад. Системаи Станиславский маъмултарии усули эчодии Санъати актёри буда, барои ташаккул ва инкишофи санъати реализми сотсиалисти омили мухиме гардидааст. Санъати актёри дар Точикистон таърихи кадима дорад. Унсурхои Санъати актёри дар давраи то истилои ислом дар раксу бози, урфу одат ва сурудхои маросимии мехнат инкишоф ёфта буд. Дар Тупроккалъа никоби актёри мазхака ёфт шудааст, ки ба асри 1 то милод мансуб аст. Инчунин аз харобахои Афросиёб тасвири 4 шахс дастрас шудааст, ки бар даст никоби актёрони фочианигорро доранд.
Имконият ва воситахои Санъати актёри дар тую тамошо ва тантанахои халки, махсусан намоишхои халкии «Бобопирак», «Дарвешон» ва гайра, инчунин дар заминаи Театри лухтак ва мас- харабозон такмил ёфт. Аввалин театри типи европои дар Точикистон баъди инкилоби Октябр пайдо шуд. Санъати театрии касбии точик чанбахои реалистии Системаи Станиславский ва дигар методхои пешкадами санъати театри советиро ба асос гирифта, ба комёбихо ноил гардидааст. 2) Дар кино санъати офаридани образхо дар асоси сенарий. Офарандагони ролхои кино бештар ба кушодани холати рухи ва харакати кахрамонон диккат медиханд. Актёрони кино аз имкониятхои санъати театр низ истифода мебаранд.
Нигаред, низ Балет, Опера, Санъати кино, Театр.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …