Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНГИНОВ Бобо

САНГИНОВ Бобо

САНГИНОВ Бобо (таваллуд 16. 5. 1935, дехаи Рарзи райони Айни, вилояти Ленинобод), агроном-селексионер, номзади илмхои хочагии кишлок (1967), аъзо-корреспондент. Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1976), Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1964). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1959. Мактаби З-солаи агрономии Уротеппа (1953) ва факултети агрономии Иститути хочагии кишлоки Точикистонро хатм кардааст (1958). Солхои 1953 сарагрономи шуъбаи хочагии кишлоки райони Муъминобод, 1958— 1959 ходими калони илмии шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахтаи Стансияи минтакавию тачрибавии хочагии кишлоки дар Вахш будаи Институти тадкикоти илмии зироат, 1959—62 аспирант, 1962—1963 мудири шуъбаи селексия ва тухмипарварии стансияи тачрибави ва аз соли 1963 директори стансияи номбурда (аз соли 1974 Филиали Институти тадкикоти илмии зироат). Сангинов оид ба руёнидани навъхои нави пахтаи махиннахи совети тадкикот бурдааст. У муаллифи зиёда аз 60 маколаву асархои илмист. Навъи пахтаи махиннахи 5595-В-ро, ки у ба вучуд овардааст, соли 1964 дар хочагихои пахтакори Вахш кишт карданд. Соли 1970 навъи нави 6465-В- ро, ки назар ба 5595-В аз хар гектар 3—4 сентнер зиёдтар хосил медихад ва ба касалихои вилти фузариози ва сиёхтосаки реша тобовар аст, ба вучуд овард. Соли 1974 навъи,пахтаи махиннахи 6249-В ва соли 1978 навъи 7318-В- ро, ки Сангинов офаридааст, хочагихо кишт намуданд. Сангинов барои ихтирои навъхои нави пахтаи махиннахи 5595-В ва 6465-В ва кишти онхо сазовори Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино гардид (1977). Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Точикистон (1970). Бо 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, ордени «Ни- шони Фахри», медалхо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст.
Асос: Навъи пахтаи советии махиннахи 5595-В, Душанбе, 1965; Олим-селексионер. Душанбе, 1977; Резервы увеличения производства тонковолокнистого хлопчатника, Душанбе, 1978; Результаты селекционной работы с тонковолокнистым хлопчатником в Таджи- кистане, дар китоби: Дальиейшее развитие хлопководства в Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва,-. 1979.
М. Зикриёева.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.