САНГИ МОХТОБИ, минералест аз гурухи шпатхои дашти. Сахтиаш 6; зичиаш 2560 килограмм/метр3. Аксари Санги мохтоби нимшаффофи кабудтоб аст. Кристаллхояш призмашакл. Санги мохтоби якчоя бо кварс, абрак, минералхои нодир (забарчад, турмалин) дар пегматитхо ё рагхои типи алпи вомехурад. Кони навъхои бехтарини Санги мохтоби дар Шри- Ланка ва Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР (кисми марказии куххои Карелия ва Урал) мавчуданд. Санги мохтоби хамчун санги ороиши дар тайёр кардани маснуоти заргари истифода мешавад.