Маълумоти охирин
Главная / Илм / САНГХОИ РЕЗАКОРИ

САНГХОИ РЕЗАКОРИ

САНГХОИ РЕЗАКОРИ, минералхо ва чинсхои кухии хушрангу зебоеро гуянд, ки барои резакорихои бадеию ороиши (хотамкори, сохтани гулдонхо, хар гуна маснуоти заргари ва гайра) истифода мешаванд. Сангрезахои резакори аз руи хусусиятхои физикию механикиашон с а х т (сахтиашон мувофики шкалаи минералоги 5 ва аз он боло, аз кабили нефрит, яшм, акик ва гайра) ва н а р м (сахтиашон 4 ва аз он поён, ба мисли малахит, мармари сулаймони, стеатит, флюорит ва гайра) мешаванд. Арзиши Сангхои резакориро камёфт будану сифатхои махсус доштанашон (ранги хуш, махсусан накшхои зебо), инчунин мехнати барои сайкалдихии онхо сарфшуда муайян мекунанд.

59085282
Дар куххои Точикистон бисёр намудхои Сангхои резакори мавчуданд. Лочварди Помири Чануби Гарби, яшм, серпентинит ва офикалсити Дарвоз, арагонит, мармари сулаймонии Точикистони Маркази, обсидиан, кварс, санги мохтоби (гипс-селенит) -и Точикис- тони Шимоли ахамияти амали доранд. (Дар фабрикахои «Армугон-и Душанбе ва корхонахои сангтарошии шахри Ленинобод, дехаи Поршневи райони Шугнон аз лочвард, (Мармари сулаймони, серпентинит, мармари ранга, яшм, офикалсит ва гайра гулдону шамъдонхо, сандукча, «мухра, хар гуна куббачахои зинати занона ва дигар армугонхои сангин месозанд. Нигаред, низ Чавохирот.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …