Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНАВБАР

САНАВБАР

САНАВБАР (Ртиз), чинси буттаву дарахтони сузанбарги хамошасабзест аз оилаи санавбарихо. Аз 1,5 то 50 (баъзан 75) метр кад мекашад. Дарозии сузанбарги онхо аз 2 сантиметр то 30-35 сантиметр мешавад. Дарозии чалгузааш аз 2,5 – 7 сантиметр  40—45 см (Р. 1атЬ.ег1|‘апа, ки дар Америкаи Шимоли меруяд), бараш 2—8 сантиметр. Тухмаш чормагзшакли одатан канотакдор, соли дуюм мепазад. Санавбар дарахти рушноипарвар аст. 300—400 сол умр мебинад. Санавбар кариб 100 намуд аст ва дар минтакаи бешазори Евросиё ва Америкаи Шимоли, каме дар кухсори тропикии Нимкураи шимоли меруяд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР 12 намуди Санавбар месабзад.

sanavbar

Санавбар дар хочагии халк ахамияти калон дорад. Аз он чуби хушсифат, катроп, скипидар, равгани эфир, канифол ва гайра мегиранд. Аз сузанбарги Санавбар витамини С. хосил мекунанд. Санавбарро бо максади пешгирии реги равону обшуи хок ва мустахкам кардани нишебихо низ истифода мебаранд. 20%-и тамоми чангали Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР аз санавбарзор (зиёда аз 151 миллион гектар) — асосан иборат аст. Санавбари худруй дар Точикистон нест. Аммо намудхои гуногуни онро ба шароитп махал мутобик кардаанд. Дар Боги ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон зиёда аз 60 намуди Санавбарро мепар-варанд. Чанд намуди он шахру дехоти республикаро ороиш медиханд.
Адабиёт: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1965; С л а в к ин а Т. И., Голосеменные, дар китоби; Денд-рофлора Узбекистана, том 2, Ташкент, 1968.
М. Исмоилов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …