Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМЪОНИ Абусаъд Абдулкарим ибни Мухаммад

САМЪОНИ Абусаъд Абдулкарим ибни Мухаммад

САМЪОНИ Абусаъд Абдулкарим ибни Мухаммад (1113, шахри Марв- 1167), муаррихи аввали асри 12. Самъони аз хонадони арабхои мухими Марв буд. Падараш (Абубакр) Самъонии сесоларо барои тахсил ба шахри Нишопур бурд ва у дар он чо маълумоти кофи гирифт. Самъони бештарини умрашро барои чамъ кардани ривоятхо ва маълумотхои таърихию географи сарф кардааст. У ба Багдод, Халаб, Димишк, Байтулмукаддас, Хичоз, Хорезм, Бухоро, Исфахон, Куфа, Басра ва гайра сафар кардааст. Ин сафархо барои навиштани асархои илми ба Самъони ёри расонданд. Солхои 1155—1157 Самъони дар Марв зиндаги карда, сохиби унвони раиси шахр ва навохии он гардида, инчунин дар Мадраса дарс медодааст. Вале машгулияти асосии у дар ин давра мураттаб сохтани маълумотхои дар сафар чамъкардааш буд. Мувофики баъзе сарчашмахо Самъони доир ба таърихи шахрхои Багдод, Марв, тарчумаи холи шайххо ва олимон 49 асар навиштааст. То замони мо факат номи асархо омада расидаанд, ба истиснои «Китоб-ул-ансоб».
Ад.: К р а н к о п с к и и И. Ю., Изир; соч.” т. 4, М.— Л., 1957; Бартольд В. В., Соч. Т. 1, М., 1963.
Л. Додхудоева.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.