Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / САМОАИ ШАРКИ

САМОАИ ШАРКИ

САМОАИ ШАРКИ (Eastern Samoa), мамлакат дар кисми шаркии галачазираи С а м о а дар укёнуси Ором. Ба хайати Самоаи Шарки чазирахои Тутуила (чазираи калонтарин, масохатах 137 км2), Мануа, Аунуу, чазирахои марчонии Розе ва Суэйнс (аз гурухи чазирахои Токелау) дохил мешаванд. Мулки ИМА. Масохаташ 197 км2. Ахолиаш 30 хазор нафар (1979). Маркази маъмуриаш шахри Паго-Паго (дар чазираи Тутуила). Аз чихати маъмури ба 3 округ чудо мешавад.

american-samoa-67
Кариб тамоми чазираи Тутуила кухсор (нуктаи бал. 652 м). дар Чануб пастхамии начандин фарохи наздисохили вокеъ гардидааст; дар сохили шарки яке аз бехтарин халичхои укёнуси Ором Паго- Паго чойгир шудааст. Иклимаш тропикии пассати. Харорати миёнаи мохона 25—27°С. Боришоти солона аз 80 то 450 мм. Зиёда аз 50%-и территорияи мамлакатро беша (асосан сарахсхои дарахтшакл) пушидааст. Олами хайвоноташ камбагал, чанд намуди ширхурон (калламуш, куршабпаррак) вомехурад. Аз бахр ба микдори зиёд мохихои гуногун сайд мешавад.
Аксарияти ахолии Самоаи Шарки самоагихо (ба ин хисоб дурагахо низ дихил мешаванд). Ба гайр аз он гуруххои начандон калони америкоихо, мардуми аз дигар чазирахои Укёнусия ба ин чо омада низ зиндаги мекунанд. Аксарияти эътикомадмандон — насрони, асосан протестант. Забони расми — англиси.
Сохахои асосии иктисодиёти мамлакат — истехсоли консерви мохи ва магзи чавзи хинди. Кисми зиёди заминхои хочагии кишлок ба самоагихо тааллук дорад. 40% замини мамлакат кишт мешавад. Зироати асосии экспортшаванда — магзи чавзи хинди ва чормагз. Барои истеъмоли дохили банан, таро, ямс, найшакар ва гайра, аз чорво ва парранда (асосан хуку мург) парвариш мекунанд. Корхонахои истехсоли консерви мохи ва банкахои консерв дорад, ки онхо ба ширкатхои ИМА мансубанд. 99%-и арзиши экспорт аз консерохои мохи, харчанги бахри ва дигао махсулот мохиги иборат аст. Аз ИМА асосан озукавори, аз Самоаи Гарби таро ва банан мегирад. Дар мамлакат туризм инкишоф ёфтааст. Вохиди пул — доллари ИМА.
Дар ниман дуюми асри 19 байни Германия, Британияи Кабир, ИМА барои ба даст даровардани чазирахои Самоа мубориза авч гирифт, ки он бо таксимоти галачазираи Самоаи Шарки анчом ёфт; дар натича як кисми территорияи шаркии чазирахо ба ИМА гузашт ва ин территорияи соли 1899 мулки ИМА эълон карда шуд. Аз соли 1900 то 1951 Самоаи Шаркиро Вазорати флоти харбии бахрии ИМА идора мекард. Соли 1951 он ба ихтиёри Вазорати корхои дохилии ИМА дода шуд. Ахолии Самоаи Шарки барои васеъ кардани хукукхои сиёсии худ мунтазам мубориза мебурд. Соли 1948 маъмурияти Америка мачбур шуд, ки дар назди губернатор органи дупалатагии конунбарори машварати ташкил намояд. Баъди кабул карда шудани конститутсия соли 1960 хукуки ахоли камо васеътар шуд. Соли 1968 аввалин партияхои сиёси таъсис ёфтанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …