Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / САМОАИ ГАРБИ

САМОАИ ГАРБИ

САМОАИ ГАРБИ (Western Samoa), давлат дар  Полинез и я. Б а Иттиходи Британия дохил аст. Кисми гарбни галачазираи Самоа дар укёнуси Ором аз чазирахои Савайн, Уполу, инчунин Аполима, Маноно на чандин чазазирахои хурди беодам иборат аст. Масохаташ 2834 км2. Ахолиаш 100 хазор нафар (1983). Пойтахташ — шахри Апиа.

samoa-islands
Сохти давлати. Конститутсияи чориаш соли 1960 кабул шудааст. Асоси чамъиятро айга, яъне гурухи оилави ташкил мекунад, ки ба он пешво— сардории интихобшавандаи хамон рохбар аст. Ба органи хокимият танхо сардорони кабилахо хукуки интихоб кардан ва интихоб шудан доранд. Онхо ба мухлати 3 сол парламенти якпалатаги — Мачхиси конунбарорро дар хайати 45 пешвои кабила интихоб мекунанд; дар асоси хукуки интихоботи умуми аз чумлам ахолии европои 2 нафар намояида интихоб мешавад. Сардори давлат аз соли 1963— пешво Малиетов Танумафили II мебошад. Мувофики конститутсия баъди вафоти у сардори давлатро ба мухлати 5 сол Мачлиси конунбарор интихоб мекунад. Сардори давлат хокимияти ичтимоиро ба амал бароварда, сарвазирон ва вазиронро таъин менамояд.
Табиат. Чазирахо кухсор, ва пайдоишашон пулкони буда, асосан аз базалт иборатанд. нуктаи баландтаринаш 1858 м (чазираи Савайи). Водихои фаpox массивхои кухиро аз хам чудо мекунанд. Сохилхояш баланди шахдор. Иклимат субэкватори ва тропики, сернами пассати. Харорати миёнаи мохона 25—27°. Боришоти солона 2000—1000 мм. Зуд-зуд туфонхои харобиовар мехезанд. Олами набототаш нихоят бой, кариб 600 намудро дар бар мегирад, ки 25%-и он эндемики мебошад. Сарахехои дарахтшакл нихоят бисёранд. Дар чангалхои анбухи сернами тропики, ки онхо дар хоки кахваранги зардчатоб меруянд, навъи дарахтони киматбахо бисёр аст. Дар минтакахои назди сохил нахли порчил, дарахти
нон меруяд. Олами хайвонлташ камбагал; паррандааш бисёр ва гуногун.
Ахоли. Кариб 99% ахолии мамлакат самоагихо (якчоя бо дурагахои самоагихо) — яке аз халкхои полинези мебошад, бокимонда мардуми дигар чазирахои Укёнусия ва европоихоянд. Забонхои расми — самоаги ва Англиси. Кариб 80%-и эътикодмандон протестант, бокимонда асосан католик.
Дар мамлакат бекори иллати асоси шуда мондааст, бинобар он мардум ба дигар чойхо (бештар ба Зеландияи Нав) хичрат мекунад. Ахоли дар чазирахои Уполу, Маноно, Аполима ва Савайи бештар чойгир шудааст. Шахри аз хама калонаш — Апиа.
Маълумоти таърихи. Дар замонхои кадим дар территорияи хозираи Самоаи Гарби нолинезиягихо, ки даврат сохти кавму кабилавиро аз cap мегузарониданд, зиндаги мекарданд. Онхо дехкон, мохигир ва бинокорони мохир буданд. То замони аз тарафи европоиён (Я. Роггевен, Л. Бугенвил, Ж. Лаперуз) кашф гардидани чазирахои Самоа (асри 18) ахолии он давраи бархамхурии муносибатхои кавму кабилавиро аз cap мегузаронид.
Аз сабаби мавкек хуби географи доштани чазирахои Самоа (чазирахо дар роххои бахри аз Америка ба Зеландияи Нав ва Австралия чойгиранд) барои ба даст даровардани онхо байни давлатхои капиталисти (Германия, Британияи Кабир, ИМА) мубориза cap шуд; Самоаи Гарбиpo охири асри 19 Германия ба даст даровард. Августи 1914 колонияи Германияро дар Самоа кушунхои Зеландияи Нав ишгол карданд. Мохи май 1919 хангоми «таксимоти» собик колонияхои Германия Шурои Олии Антанта Самоаи Гарбиро ба Хайати Зеландияи Нав гузаронд. Совети Лигаи Миллатхо 17 декабри 1920 мандати Зеландияи Навро барои идоракунии Самоаи Гарби расман тасдик намуд. Ахолии Самоаи Гарби бар зидди мустамликадорон мунтазам мубориза (солхои 1908 —1909 баромадхои калон ба амал омаданд) мебурд. Солхои 20 дар Самоаи Гарби ташкилоти ватандустонаи «May» барпо шуд, ки он тахти шиори «Самоа барои самоагихо» ба муборизаи зидди мустамликадорони Зеландияи Нав рохбари кард. Мохи декабри 1929 халки мамлакат бо талаби истиклол ба намоиш баромад. Ба муносибати бархам хурдани системаи мандати баъди ба охир расидани Чанги дуюми чахони ТДМ Самоаи Гарбиро ба васояти Зеландияи Нав гузаронд. Ахоли дар коргузорихои дохихи мухторият ба даст овард. Аммо мубориза барои истиклолият катъ намегардид. 18 октябри 1901 ТДМ дар бобати хотима ёфтани ваколат бар Самоаи Гарби карор кабул кард. 1 январи 1902 Самоаи Гарби давлати сохибистиклол эълон шуд. Хамон сол хукумати Самоаи Гарби бо хукумати Зеландияи Нав
дар бораи дусти шартнома баст. Самоаи Гарби ба ТДМ дохил нашуд, бо давлатхои хоричи муносибатхои дипломати ба рох намонд (ягона намояндаи дипломатие, ки дар назди хукумати Зеландияи Нав таъин шудааст, ин комиссари олии Зеландияи Нав мебошад). Соли 1970 Самоаи Гарби ба Иттиходи Британия хамрох шуд.
Иктисоднёт. Асоси иктисодиёти мамлакат хочагии кишлок асосан зироаткорист. Заминхои кишт, ки дар водихо ва минтакаи камбари назди сохил вокеъ гардидаанд 31,7%-и майдони умумиро ишгол мекунад. Дар плантатсияхо (аз они сохибкорони Америка ва Зеландияи Нав) ва дар хочагихои ахолии тахчой нахли норчил, чормагз, банан, кахва парвариш мекунад, ки махсулоти ин зироат асосан экспорт мешавад. Барои конеъ гардондани талаботи дохили дар ин чо батат ва ямс, чуворимакка, шоли, таро, афлесун, ананас ва гайра парвариш мекунанд.
Чандин корхонахои хурд дорад, ки онхо бо коркарди чуби дарахтони киматбахо (экспорт мешавад) машгуланл, корхонахои равгани нахли норчил, собун, фабрткахои мебелу канноди ва осиёи кахва дорад. Шикор ва мохигирб инкишоф ёфтааст. Намуди асосии наклиёт автомобил аст, ки дарозии роххои он 1800 км мебошад. Бандари асоси на аэропорти байналхалки дар Апиа вокеъ гардидаанд. Дар мамлакат туризм таракки кардааст. Самоаи Гарби ба хорича магзт чавзи хинди, какао, банан бароварда, аз хорича хуроквори, сузишворб, мол хок саноати сабук ва гайра мегирад. Шарики асосии савдояш Зеландияи Нав. В о з и д и пул — доллара Самоаи Гарби (тала).
Маориф. Ба мактаби ибтидоии 6- сола кудакон аз синни 7 кабул мешаванд; таълим ба забонхои англиси ва самоаги аст. Мактаби миёна 6-сола буда, ба ду зима: поёни (3 сол) ва болои (3 сол) чудо мешавад; дар ин чо таълим асосан ба забони англиси бурда мешавад. Дар системаи маорифи мамлакат ташкилотхои миссионери роли намоён мебозанд. Дар базан мактаби ибтидои тайёрии касби ба амал бароварда мешавад. Дар базан мактаби зинаи поёни коллечи хочагии кишлок (дар Апиа, мухлати тахсил 4 сол) амал мекунад; коллечи педагоги барои мактабхои ибтидои муаллим тайёр мекунад (мухлати тахсил 2 сол). Мактаби оли надорад. Кисми хатмкунандагони мактаби миёнаи зинаи болои барои гирифтани маълумоти оли ба хорича (асосан ба ИМА) меравад. Дар Апиа китобхонаи оммави (таъсисаш 1159) кор мекунад.
Матбуот. радио. Матбуоти мамлакат аз гезетахои хурдформат иборат: «Сивали» («Sayali»), таъсисаш 1904, хукумат, мохе ду маротиба нашр мешавад; газетахои хархафтаинаи хусуси: «Самоа буллетин», («Samoa Bulletin»), таъсисаш 1900, «Самоа таймс» («The Samoa Times»), таъсисаш 1964. Камаи газетахо ба забонхои англиси ва самоаги чоп мешаванд. Идораи радиошунавони хукуматист, аз соли 1948 инчониб кор мекунад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …