Маълумоти охирин

САМГ

samg

САМГ, 1) зифт, терпентин, як навъ шираи часпакест, ки аз захми дарахтхои сузанбарг мебарояд. Дар роххоизаифтбарои чуби сузан-барг, абхул, таннуб, дарахти чалгуза ва гайра мавчуд аст. Самги дар руи танаи дарахт шахшуда магзи чубро аз ворид шудани чонварони пустлоххур, занбуругхо ва дигар организмхо эмин медорад. Самг барои истехсол канифол ва скипидар ашёи хоми асоси мебошад. Барои хосил намудапи Самг чанд чои танаи дарахтро кадре чок мекунанд. Хосили Самг ба навъ ё намуди дарахт ва шароити иклим во-баста аст. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР Самгро асосан аз санавбар (Ршиз зиуезЬпз) мегиранд; хар як дарахт соле аз 0,9 то 2,0 килограмм Самг медихад. Самги санавбар моеъи шаффофи гализ буда, буйи хуш дорад. Вай аз кисми бухоршаванда (скипидар), кислотаи зифтии бухорнашаванда (канифол) ва каме об иборат аст. Аз сабаби он ки скипидар дар хаво бухор ва кислотаи зифти кристалл мешавад, Самг гафс (куюк)-и хира мегардад. Самге, ки ба заводхо оварда мешаванд, 75% канифол, 18% скипидар ва 6% об дорад. Дар завод бо рохи бугрони аз он скипидарро чуро карда, кислотахои зифтии сахтро мегудозанд; 2) шилм, шилим, з и н ч, шираи часпакест, ки хангоми касали ва осеб дидани пусти растани (махсусан буттаву дарахтони меваадор) ба руй баромада сахт шуда мемонад. Шилм асосан аз полимерхои моносахаридхо (глюкозахо, галактозахо, арабинозахо рамшозахо, кислотахои глюкуронат) иборат аст. Шилм барои саноати хуроквори ва когаз ашёи зарурист. Самги баъзе буттаву дарахтонро барои тайёр кардани дору истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …