Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ШАМБАРИ

ШАМБАРИ

shohambari

ШАМБАРИ, курорт дар худуди дехаи Шамбарии р-ни Хисори РСС Точикистон. Дар доманаи чанубии к-кухи Хисор (26 км гарбтар аз Душанбе), дар баландии 1100—1150 м аз с. б. чой гирифтааст. Тобистонаш гарм (хаpop. то 40—-42С); зимистонаш камбарф (харор. миёнаи янв. —1С) мебошад. Боришоти солона 660 мм. Шамбари соли 1953 таъсис ёфтааст. Воситаи асосии табобатии Шамбари чашмахои оби минерали мебошад. Дар таркиби оби чашмахо асосан намакхои сулфату хлориди натрии (минерализацияаш аа 3,5 то 16,3 г/л, харор. 37—42С) мавчуданд. Оби минералии Шамбариро барои нушоки, кабули ваннахо, шустани меъдаю руда, роххои талха ва г. истифода мебаранд. Шамбари бо асбобхои хозираи тибби тачхизонида шуда, дорои лабораторияхои биохимики, кабинетхои физиотерапевти, рентгенологи, ташхиси функционали, эндоскопи, варзиши шифои, масх, табобати дандон ва г. мебошад. Дар Шамбари амрози музмини системаи хозима (гастрит, энтерит, колит, холецистит, захми меъдаю рудаи дувоздахангушта, санги талхадон)-ро муолича мекунанд. Алхол дар Шамбари комплекси санатории нав (барои 250 кат) сохта истодаанд.

Ад.: Пйлипюк В., Санаторий «Шаамбары», Д., 1973. И. Я. Бобохучаев.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …