Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «САМАРИЯ»

«САМАРИЯ»

«САМАРИЯ» -асари таърихии Абутохирхочаи Самарканди (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1874, Кармина). «Самария» дар солхои 60 асри 19 таълиф гардида, аз мукаддима, 11 боб ва хотима иборат аст. Асар ба таърихи Самарканд бахшида шуда, аз пайдоиши шахр, иклиму мавкеи географи, хокимону уламо ва зиёратгоххои он маълумот медихад. Шаркшиноси рус В. Л. Вяткин соли 1899 «Самария»-ро ба руси тарчума карда, дар Самарканд нашр кард. Соли 1904 шаркшинос Н. И. Веселовский матни точикии онро дар Петербург ба чоп тайёр намуд. Соли 1921 Абдумуъмини Саттори ин асарро ба забони узбеки гардонд, ки як кисми он дар журнали «Инкилоб» чоп шуд.
Соли 1952 Саид Нафиси ва Эрач Афшар матни нави «Самария»-ро ба нашр хозир кардаанд. Дастхати «Самараи» дар институтхои шаркшиносии АФ РСС Точикистон ва РСС Узбекистон махфуз аст.
А. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.