Маълумоти охирин

САЛЮТ

САЛЮТ (франсави Saint ва лотини salus — табрик), шакли табрики тантанави ва ифодаи эхтиромро ба василаи паррондани тири тупи милтик, барафроштани байрак ва гайраро гуянд. Маъмулан барои кайди вокеахои мухим (масалан, Салют артиллери дар Моск­ва ва дигар шахрхои СССР дар рузи идхои умумихалки), дар вакти парадхои харби, дар маросими дафни хизматчиённ харби ва арбобони давлати Салют медиханд.

salut

Мувофики созишномаи байналхалки ва дохилии давлатхои молоки бахр Салют хамчун шакли ифодаи эхтироми харбию бахри пешбини шудааст. Аксар киштихои харби хангоми даромадан ба бандархо Салют медиханд ва бандархое, ки батареяи сохили доранд, бо Салют чавоб мегардонанд. Салюти миллатхо — бо 21 бор тир паррондан — аз тарафи киштии харбии хоричи, ки ба обхои территориявии давлати дигар даромадааст (бо байроки афроштаи хамин мамлакат) ба чо оварда мешавад.

Агар дар кишти сардори давлат, сафир ё каси дигари оликадр бошад, аввал форт Салют медихад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.