Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛТИКОВ Михаил Евграфович

САЛТИКОВ Михаил Евграфович

САЛТИКОВ Михаил Евграфович, Салтиков-Шедрин (фамиляаш Салтиков; тахаллусаш И.  Ш е д р и н; 27. 1. 1826, дехаи Спас-Угол, хозира райони Калязиии вилояии Калинин —10. 5. 1889, Петербург), нависандаи рус. Аз оилаи дворянин.

Дар Институти дворя­нии Москва (1836 —1838) ва литсейи Александр (Сарс­кое Селой пешина) таълим гирифтааст (1844—1848). Дар давраи тахсил як­чанд шеър навишта чоп кунонид. Солхои 40 бо чавонони пешкадами Петебург — петрашевчиён наздик шуд. Дар ташаккули чахонбинии Салтиков гояхои демократхои рус В. Г. Белинский, Н. Г. Чернишевский ва сотсиалистони хаёлии франсави мавкеи калон доштанд. Дар повестхои аввалини Салтиков «Зиддиятхо» (1847) ва «Кори чигил» (1848) масъалахои тезу тунди ичтимои ба миён гузошта шуда буданд, аз ин ру боиси норозигии хукмронони давр гардиданд. Соли 1848 Салтиковро ба хабс гирифта ба Вятка бадарга карданд. Соли 1855 аз бадарга баргашта, «Очеркхои губерния»-ро (1856— 1857) навишт, ки ба ин асар Н. А. Доб­ролюбов ва Н. Г. Чернишевский бахои баланд дода буданд. Салтиков фаъолияти эчодии худро бо корхои давлати баробар пеш мебурд: солхои 1858—1862 ноиб-губернатори Рязан ва Твер буд. Соли 1867 ба сабаби «бемори» аз кори давлати даст кашида, дар журнали «Современник» кор кард. Салтиков дар песахояш амалдорони подшохиро фошу масхара карда буд («Марги Пазухин», «Хачвияхои мансур», 1863). Дар «Чанобони Головлёвхо» (1875—1880; тарчумаи точики 1859), «Сарпанохи Монрепо» (1878—1879), «Хикоятхо» (1882—1886) ва дигар асархояш пас аз реформаи сотсиал-демократии Рос­сия ба руи кор омадани муносибатхои нави буржуазиро акс намудааст. Солхои 70—80 давраи авчи эчодиёти Салтиков мебошанд. Дар асархои «Таърихи як шахр» (1869—1870), «Чанобони тошканди» (1869—1872) ва гайра сохти давлатдории Россияро беамон танкиду масхара кардааст. Салтиков якчанд бор ба хорича сафар карда, рафтору кирдори буржуазияи иртичоии Европаро дар китоби «Дар хорича» махкум намудааст.

Ба бемории вазнин нигох накарда, солхои охири умраш асархои безаволи «Афсонахо» (1882—1886), «Ташвиши рузгор» (1886—1887), «Киссаи Нашехон» (1887—1883) ва гайраро офарид. Салтиков оид ба назарияи адабиёт, танкиди адаби як силсила таълифоти илми дорад. В. И. Ленин дар публитсисти­ки худ ба образхои офаридаи Салтиков мурочиат мекард. Чанд асари Салтиков барои сахнаи театр инстсенировка шуда, аз руи чанд асараш филм бардоштаанд. Дар шахри Киров дар хонае, ки адиб дар бадарга зиста буд, музе1и ёдгори кушода шудааст.

Ос.: Собрание сочинении и писем, т. 1—20, М., 1965—1980; Чанобони Головлевчо, Сталинобод, 1959; Афсонахо, Д., 1964; Таърихи ин шахр, Д., 1974.

Ад.: Библиография литературы М. Е. Салтыкове-Щедрине. 1918—1965, М.—Л. 1966; Шодикулов Х., Устоди шухратманди хачв, Д., 1976.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.