Маълумоти охирин

САКТА

САКТА, инсулт, ихтилоли тезинкишофёбандаи гардиши хуни магзи cap, ки боиси осеб ёфтани бофтахои майна ва вайроншавии фаъолияти онхо мегардад. Чунон ни дар «Тибби Юсуфи» омадааст, «Сакта, ки иборат аз ботил шудани хиссу харакати чамеи аъзост, чун аз хун бошад, аломаташ пурит рагхост, бо соири аломати галабаи хун».

900877_2004920

Аз ин чихат сабаби асосии Сакта бемогши гипертония (баланд щудани фишори хун) ва атеросклероз ё аксаран бемории дил, тарбод ва баъзан иллатхои хун ва гайра мебошад. Сакта ду хел мешавад: хунрез ва камхун. Сактаи х у н р е з бештар дар натичаи хунрези дар майна хангоми фишорбаланди ба вучуд меояд. Сабаби бевоситаи хунрезии майна аксаран шиддати эхсос аст. Хуни аз paг беруномада кисман бофтахои асабро вайрон ва онхоро фишурда боиси варами мийна мегардад. Азхушрави, ихтилоли нафаскаши ва кори дил, кайкуни ва гайра зухуроти умумим Сакта мебошанд; хангоми Сактаи хунрез фалачи дасту пой, ихтилоли хиссиёт, вайроншавии нутк низ инкишоф меёбад. Сакта
камхунро пулашавии бофтахои майна — инфаркти (эхтишои) майна сабаб мешавад. Дар аксар холатхо барои пайдоиши Сактаи камхун иллати атеросклерозии рагхои калони магзи cap ва ба гардан раванда (артерияхои хоб ва сутунмухра), инчунин омилхои асаби ва мубодилави ахамияти калон дорад. Хангоми Сактаи камхун ранги руи бемор мепарад. Фалачхо, ихтилоли хиссиет, нутк ва дигар аломатхо ба тадрич авч мегиранд.
М у о л и ч а: ороми, риояи режими бистари; барои муоличаи осори Сакта варзиши шифои, масх (массаж), машгулияти логопеди низ равост.
II е ш г и р и: режими дурусти мехнат, истирохат ва хурок, муоличаи беморихои умумии paг.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …