Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САКСОНИЯ

САКСОНИЯ

САКСОНИЯ (Sachsen), вилояти таърихи дар РДГ. Кисми асосии Саксонияро маркаи Мейсен ташкил медод (марка — вохиди маъмури). Дар асрхои 15—16 яке аз нохияхои асосии тачдиди саноати капиталисти (кухкори, китобчопкуни ва гайра), маркази маданият (соли 1409 дар Лейпсиг, 1502 дар Виттенборг унститутхо таъсис ёфтаанд). Саксония аз 1806 подшохи. Солхои 1814—1815 мувофики карори конгресси Вена такрибан нисфи подшохи ба ихтиёри Пруссия гузашт. Соли 1830 дар зери таъсири Револютсияи июлии 1830 дар Франсия дар Дрезден, Лейпсиг ва дигар шахрхо шуришхои халки ба вучуд омаданд. От яке аз марказхои Револютсияи 1848—1849 дар Германия гардид. Аз соли 1871 ба хайати империяи Германия дохил шуд. Дар солхои 60—70 асри 19 Саксония яке аз нохияхои асосии саноати Германия буда, ба базаи харакати коргарии немис табдил ёфт. Дар Лейпсиг, Дрезден ва дигар шахрхои марказии саноати иттифокхои коргари ба вучуд омаданд. Дар натичаи Револютсияи ноябри 1918 дар Саксония мутлакият сарнагун ва республика эълон карда шуд; мувофики конститутсияи Веймар Саксония ба хайати Республикаи Германия дохил гардид. Дар давраи диктатураи фашисти (хусусан солхои Чанги дуюми чахони) дар Саксония ташкилоти калони зиддифашисти бо сардории коммунист Г. Шуман амал мекард. Аз соли 1949 дар хайати РДГ; 1952 худуди Саксония ба округхои Дрезден, Лейпсиг, Карл Маркс-Штадт таксим шуд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …