Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / САКСОНИЯИ ПОËН

САКСОНИЯИ ПОËН

САКСОНИЯИ ПОËН (Nicdersaclisen), сарзаминест дар кисми шимолии РФГ, дар хавзаи дарёхои киштигарди Везер, Эмс, Элба. Аз Шимолу Гарб бо бахри Шимоли ихота шуда аст; дар назди сохил чазирахои сершумор — Фризи Шарки ва гайра мавчуданд. Кисми зиёди Саксонияи Поён дар худуду хамворихои Европаи Миёна чойгир аст. Дар Чанубу Шарки куххои Гартс (балан- диаш то 1142 м, к. Броккен) вокеъ гаштаанд. Масохати Саксонияи Поён 47.4 хазор км2. Ахолиаш 7,3 млн нафар (1975), аз он чумла 82% шахриён. Маркази маъмуриаш Ганновер. Саксонияи Поён нохияи индустриалию аграрист. Дар территорияи Саксонияи Поён конхои нефту гази табии, маъдани охан, маъдани металлхои ранга, намаки калий ва намаки ош, торф, инчунин захираи на чандон калони ангишт хаст. Сохахои асосии саноат: мошинсози, электротехники, хуроквори, бофандагию дузандаги, химия ва коркарди нефт, металлургияи сиёх. Корхонахои калонтарин: комбинати металлурги, заводхои автомобилхои
сабукрави «Фолксваген», автомобилхои боркашу автобусхо ва гайрахо. Саксонияи Поён нохияи мухими хочагии кишлоки РФГ низ
мебошад. 42,4% заминхои хочагии кишлокро маргзору чарогоххо ишгол кардаанд. Зироати хуроки чорво, бехмева, картошка,чав , гандум, чавдор мекоранд. Мухимтарин бандархои бахриаш: Вилгслмсхафси, Эмден, Норденхам, Браке. Канали Германияи Миёна киштигард аст. Аз Вилгслмсхафен то Вссселинг нефтенровод мегузарад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …